ХАБАРИ ДОҒ

Конибодом: муаллимон мераванд…

  • Чоршанбе, Май 11 2022

 

Алиҷон Маҳмудов, хонанда, муаллифи доимии мо ба редаксияи СССР занг зада (тел: 832222-04-00), аз бурду бохти соҳаи маорифи шаҳр гуфт.

    - Кулли маорифчиёни шаҳри Конибодом бо сарварии мудири шӯъбаи маориф, Узви маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Бурҳониддин Ҷабборӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки раванди таълиму тарбия дар Конибодом боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.Дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннӣ, ки аз 1 то 14 апрел дар пойтахт ҷараён гирифт, аз 16 нафар фиристодагони Канди бостонӣ 8 нафарашон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ, медал ва боз 4 нафари дигар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм қадр карда шуданд. Аз рӯи ин ҷамъбаст Конибодом ба қатори даҳгоники беҳтарини фанҳои дақиқу табиатшиносӣ шомил гардид. Бояд зикр намуд, ки соли гузашта аз ин зодгоҳи олимону адибони машҳургашта 31 нафар хонандагон ба гирифтани зинаҳои фахрӣ дар Олимпиада сазовор гашта буданд.

 Вале баробари ин ҳамаи дастоварди назаррас дар соҳаи маориф муаммоҳои ташвишовар низ вуҷуд дорад. Аз ҷумла соли гузашта ва то имрӯз 460 нафар омӯзгорон бо сабабҳои гуногун (хусусан муҳоҷирати меҳнатӣ) бо хоҳиши худ тарки вазифа карданду 268 нафар ба кор қабул карда шуданд, яъне 1 баробар кам. Ин ҳолати ташвишовар дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter