ХАБАРИ ДОҒ

 

Ҳавасхон Неъматов, хонанда ва муаллифи доимии газетаи мардумӣ, омӯзгори МТМУ №53-и н.Восеъ ба идора занг зада (тел:985127012), аз норасоии кадрҳои педагогӣ гуфт.

   - Мақолаи журналист Ҷамила Ҳусейноваро дар шумораи гузашта дар бораи аз кор рафтану тарки касб намудани муаллимон хонда, хеле нороҳат шудам. Рафтани наздики 53 ҳазор омӯзгор дар 6 соли охир ин алакай фоҷеа аст. Танҳо дар 1 мактаби мо имрӯз муаллимони фаннҳои технологияи итиллоотӣ, таъриху математика ва ҳатто суруд намерасад, муаллимони ҷавон қариб намондаанд, омӯзгор имрӯз ҳавасмандӣ надорад. Аз замони вазирии Сафаралӣ Раҷабов имтиёзҳои мо-сабукӣ зимни пардохти пули хизматҳои коммуналӣ ва истифодаи обу барқ аз байн бардошта шуд. Агар ҳар сол 7 ҳазор муаллим тарки касб кардан гирад, ояндаи мактаби тоҷик чӣ мешавад?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter