ХАБАРИ ДОҒ

Миллионҳои ММТ ба куҷо меравад?

  • Чоршанбе, Июн 01 2022

 

Салом ба СССР-и азиз! Дар шумораи гузашта дар бораи имтиҳоноти қабул тавассути Маркази миллии тестии кишвар маълумоти муфассалро хондам. Новобаста аз он, ки чанд сол шуд ин марказ фаъолият дорад, ҳанӯз ҳам на ҳамаи мардум ба фаъолияти он дуруст сарфаҳм мераванд, алалхусус довталабон байни кластерҳо саргуманд.

Аммо ман мехоҳам дар бораи паҳлӯи дигари он пурсон шавам: дар шумораи гузашта дар бахши «Гӯш мекунад» хонандае навишта буд, ки танҳо дар вилояти Хатлон наздики 20 000 нафар довталаб тавассути ММТ имтиҳоноти дохилшавӣ месупоранд. Ҳамаи ин 20 000 нафар барои хизматрасонии марказ 240 сомонӣ пардохт мекунанд. Агар инро тахминан ҳисоб кунем: 20 000х240=4 800 000 сомонӣ мешавад! Шояд аз ин 10 ҳазор сомонӣ ба довталаб баргардонида шавад, вале маблағи боқимонда ба куҷо меравад?  

Овозаҳое шунидам, ки донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат барои ҳарчи бештар ҷалб шудани донишҷӯ, хусусан донишҷӯёни ба таври шартномавӣ мехонда бо ММТ «шартномаи пинҳонӣ» баста, ҳар сол барои ин маблағ ҳам ҷудо мекунанд. Ва ба «донишгоҳҳои худӣ» бештар донишҷӯи навдохил ҷудо мегардад! Бисёр хуб мешуд агар нафаре дар бораи ин матлабе менавишт…

Акрами Раҷабалӣ,

н.Нуробод  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter