ХАБАРИ ДОҒ

 

Дуруд ба СССР-и азиз! Зимни сафари ахир ба Федератсияи Россия бо 1 мушкили ҳамватанон рӯбарӯ шудам, ки воқеан ҷой дорад ва онро бояд ҳал кард.

Мутобиқи  қисми 19, моддаи 23, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва банди 8-и Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, таҳти рақами 145 тасдиқ гардидааст, Тартиби қабул, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилотро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ мекунад, ки дар ин бора аз 27.03.2019 таҳти № 1714 фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, он дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 25.04.2019 таҳти №597-1 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Мутобиқи банди 35-уми фармоиши мазкур дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи хатми муассисаи таълимӣ (фармоиши қабул, хатм, қарори Шӯро, китоби қайди додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот) ба муроҷиаткунанда танҳо дар асоси санади судӣ ҳуҷҷат дода мешавад.

Аммо тибқи талаботи банди 2-и Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба муқарар кардани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ аз 29.05.2003 таҳти №8 (бо тағйироту иловаҳое, ки бо қарори Пленум аз 19.03.2009 таҳти №1 ва аз 23.12.2012 таҳти №22 ворид карда шудаанд), аризаҳои оид ба муқарар кардани ҳолат дар хусуси хатм намудани муассисаҳои таълимӣ, ба тариқи судӣ баррасӣ карда намешаванд. Ба кадоме аз ин санадҳо бовар кунем?

Камолиддин Каримов,

омӯзгор, ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter