Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол соҳаи маориф ба мушкилиҳои зиёде дучор гашта истодааст. 1 мушкилии харобиовар ин тарки касб кардани омӯзгорон мебошад. Ҳамаи инро мушоҳида карда, дар арафаи Рӯзи Дониш, 1 сентябр, ҳамчун муаллими собиқадори соҳаи маориф хостам барои беҳтар шудани сифати таълим дар муассисаҳо якчанд фикру мулоҳизаҳоямро пешкаши вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳимҷон Ҳамро ва дигар шахсони масъули соҳа гардонам:
1.Ҳарчӣ зудтар муассисаҳои таълимиро бояд аз хурофот (дин) тоза кард;
2. Либосҳои хонандагону омӯзгорон дар бозорҳо фурӯхта шаванд, на ин ки соли дароз омӯзгор дар мактаб савдогарӣ кунад;
3. Китобҳои дарсӣ аз нав, аз тарафи донишмандон, дар асоси назарияи илмӣ навишта шаванд;
4. Номи «муаллим» ва «мактаб» аз нав барқарор карда шавад;
5. Бо ҳар баҳона пулҷамъкунӣ дар муассисаҳои таълимӣ манъ карда шавад;
6. Омӯзгор бо шароити хуби зист таъмин карда, маошаш баланд бардошта шавад;
7. «Имлои забони тоҷикӣ» аз тарафи донишмандон аз сари нав навишта шавад. Ё ақаллан ба ҳамон банде, ки ҷинсиятро ифода мекунад, тағйирот ворид карда шуда, мисли пештара талаффуз гардад. Агар гӯем «Шоир шавҳар кард» шоир мард аст ё зан, кӣ мефаҳмад? Наход тартибдиҳандагони «Имло…» сарфаҳм нарафтаанд, ки ин гурӯҳи калимаҳо аз забони арабӣ ба забони мо гузаштаанд, тағйир додани онҳо нишонаи нофаҳмист.
Бо умеди беҳбудӣ Ҳаким Ғуломов,
н. Дӯстӣ