ХАБАРИ ДОҒ

Мастчоҳ: пули китобҳои фарсуда ба ҷайби кӣ меравад?

  • Чоршанбе, Нояб 16 2022

 

Нуралӣ Латипов, хонандаи ҳамешагии СССР аз н.Мастчоҳ ба редаксия занг зада (тел: 927222557), шикоят аз омӯзгорони мактаби №1-и ноҳияи кард, ки ба хонандагон китобҳои дарсии фарсударо мефурӯшанд.  

   - Муаллимаҳои мактаби №1-и н.Мастчоҳ китобҳои дарсиро баъд аз 5-6 соли гардиш, ки кӯҳна шудаанд, ба талабаҳо маҷбуран дода иҷорапулӣ меситонанд. Агар камтар иҷорапулиро дертар диҳӣ ё фаҳмонем, ки шароити молиявӣ вазнин аст, фарзандони моро бо таҳдиди хориҷ ё аз дарс пеш мекунанд ё таъна мезананд, ки вақте ки иҷорапулии китобро дода наметавонед, чаро ба дарс меоед? Китобҳои дарсӣ пас аз 5-6 соли истифода бояд аз гардиш берун оварда шаванд, вале чаро дар мактабҳои н.Мастчоҳ ин тавр аст? Пули китобҳои фарсуда ба киссаи кӣ меравад?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter