Хусрав Ҳусейнов, мухлиси ҳамешагии СССР аз шаҳраки Бӯстони н.Мастчоҳ ба редаксия занг зада (тел: 929349494), гуфт, ки бигузор директорони мактабҳо он нафароне шаванд, ки таҷрибаи на кам аз 5 солаи корӣ доранд.
- Тибқи талабот дар соҳаи маориф ба вазифаи мудирони мактабҳо шахсоне интихоб мешаванд, ки дорои таҳсилоти олии касбӣ буда, собиқаи кории беш аз 5 солаи педагогӣ доранд. Тибқи низомномаи атестатсия бошад, бояд мудирони мактабҳо собиқаи кории 7-солаи омӯзгорӣ дошта бошанд.
Ман нафареро медонам синнаш нав ба 24-25-сола расидаасту аллакай ба вазифаи директори кӯҳантарин ва калонтарин мактаби маркази ноҳия-мактаби №1 таъин шудааст. Ин директори нав Абдурозиқ Раҷабзода аст. Оё ин хел афроди бетаҷрибаву ноогаҳ, ки худашон ба тарбия ниёз доранд, метавонанд раҳбарии мактабро бар дӯш бигиранд??
Инчунин омӯзгороне, ки чанд соли ҳаёти худро бо ҷурми ҷиноят паси панҷара гузаронидаанд, имрӯз дар мактаби мазкур ба таълиму тарбияи насли ҷавону ояндасоз машғуланд. Баъд бо чунин кадрҳо мо мегӯем, ки сифати таълиму тарбия ба талабот ҷавобгӯ нест…