ХАБАРИ ДОҒ

Балҷувон: бунёди мактаб ва таъмири роҳ

  • Чоршанбе, Дек 07 2022

 

   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон тасмим гирифт, то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 257 иншооти таъиноташ гуногунро бунёд ва таъмиру таҷдид намояд.

   Тавре ба мухбири СССР дар МИҲД н.Балҷувон итиллоъ доданд, дар ҳошияи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқллолияти давлатӣ дар ноҳия 20 муассисаи таълимӣ, 15 муассисаи тиббӣ, 5 муассисаи фарҳангӣ, 12 корхонаи саноатӣ, 205 иншооти дигар бунёд хоҳанд шуд. Айни замон дар 45 иншоот корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад, ки 7 иншоот, аз ҷумла корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш, маркази савдо ва хизматрасонии “Фарзона”, бинои иловагӣ дар назди МТМУ №8, маркази саломатӣ дар деҳаи Охбулоқ, мумфаршкунии роҳи байнидеҳавӣ дар деҳаи Тӯпхона ба масофаи 1 км, мумфаршкунии роҳҳои маркази ноҳия, хатти оби нушокӣ аз деҳаи Калтачинор ба маркази ноҳия бо масофаи 4 км мавриди истифода қарор дода шудааст.
   Дар соли 2021 низ бо иштироки Пешвои миллат дар ноҳияи Балҷувон 1 қатор иншооти таъиноташон гуногун - бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бинои маъмурии шуъбаи Амонатбонк №75, бинои Осорхонаи мардумӣ, бинои матбаа дар маркази ноҳия, бинои Маркази адлия, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия, варзишгоҳи марказӣ бо 6000 ҷойи нишаст, тарабхонаи «Сайди Хосор», корхонаи коркарди асал дар деҳаи Шайдон, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

И. Маҳмудҷонов, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter