Нуралӣ Латипов, аловмони мактаби №1-и н.Мастчоҳ ба идора занг зада (тел: 400006231), гуфт, ки пас аз нашри шикояташ дар бораи пули китобҳои фарсуда дар газетаи СССР раҳбарияти МТМУ №1 ӯ ва завҷаашро аз кор пеш кард.
- Пас аз нашри матлаб дар бораи пули китобҳои фарсуда, директори наву ҷавони мактаб, ки ману ҳамсарам дар он аловмон шуда кор мекардем, моро аз кор бе ариза озод кард. Дар баробари ин маоши 14 рӯзи кориамонро ҳам надоданд. Пас аз рафтани ман касеро намеёбанд, ки дар ин кор бо ин маоши ночиз кор карда, алов монда, синфҳои мактабро дар ин фасли сармо гарм кунад. Ману ҳамсарамро аз рӯи кинаву ғараз бо баҳонаи он, ки чаро ба газета шикоят кардӣ аз кор ронданд. Вақте ки ман пули маошамро талаб кардам, гуфтанд намедиҳем, ба куҷое, ки хоҳӣ рафта шикоят кун! Ин аст ҳақиқату адолат...
Аз СССР: Газетаи мардумӣ, эҳтиромона аз Вазири маориф ва илми ҶТ дархост менамояд, ки ба ин қазия расидагӣ карда, бо директори мактаб, барои ин густохӣ, ки нақзи ҳуқуқи шаҳрванд буда, зимнан рафторашон зидди банди Сарқонун оид ба озодии сухан ва виждон аст, гуфтугӯ карда, ҳақро ба ҳақдор расонида, ба мо хабар диҳанд. Мавзуъро мо пайгир мемонем. Мо Метавонем!!!