ХАБАРИ ДОҒ

Имтиёзи муаллим: оё он дар амал татбиқ мешавад?

  • Чоршанбе, Янв 25 2023

 

 Мехостам оид ба имтиёзҳои омӯзгорон маводе омода намоям. Бо ин мақсад бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз наздик шинос шудам ва маълум шуд, ки конуни мазкур имтиёзҳои зиёдеро ба омӯзгорон пешбинӣ кардааст. Имтиёзҳои мазкурро, Моддаи 53, ки "Имтиёзҳои омузгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф” ном дорад, муайян намудааст, ба муаллимон пешкаш намуда, мехоҳам бипурсам, ки кадоме аз ин имтиёзҳо дар амал татбиқ мешаванд ва кадоме не?

 

 

 

Моддаи 53. Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф

 

Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дорои чунин имтиёзҳо мебошанд:

 

- муҳлати даъвати омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шавад;

 

- ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат бароянд;

 

- ҳангоми беморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва табобати ройгон таъмин гарданд;

 

- аз хизматрасонии коммуналӣ ройгон ё имтиёзнок истифода баранд, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

 

- барои дастовардҳо дар фаъолияти омузгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофотҳои соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шаванд;

 

- барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ сарфароз гардонида шаванд;

 

- омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд;

 

- ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилотҳои қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд;

 

- барои омӯзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омӯзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад;

 

- бо пешниҳоди хулосаи тиббӣ роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, инчунин сайёҳию туристиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунанд;

 

- омӯзгорони ҷавон дорои имтиёзҳои иловагӣ мебошанд, ки онҳоро тибқи қонунгузори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

 

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи истифодаи рухсатии дарозкардашудаи пардохтшаванда истифода намоянд;

 

- омӯзгороне, ки собиқаи кории бефосилаи на камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд;

 

- омӯзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли корӣ муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранд. Номгуи беморӣ, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд;

 

- барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

 

- барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

 

 

Холиқназар Ҷумъаев,

 

журналист ва адиб

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter