Варқа Зайниддин, ҳуқуқшинос, сокини ш.Бохтар ба редаксия занг зада, гуфт, ки бесаводӣ миллатро ба қашшоқӣ, дурӯягӣ, бетараҳҳумӣ, бефарқӣ, мардикорӣ, ришваситонӣ, ифтихори тамоман бесаводонаи динӣ, ки аз фалсафа ва моҳияти дин бӯе набурда, дин гуфта ҷуз панарабизм чизеро намефаҳманд, бурда истодааст.
- Системаи маорифи кишвар имрӯз дар роҳи дониш додан ба хонандагон ҳои зиёде дорад ва сабаби аслияш кам будани педагогҳои босаводу асил ва бетаваҷҷӯҳӣ ба кори педагогӣ бар асари маоши хело ками омӯзгор аст. Барои ҳали тамоми мушкилоти ҷомеъа зарур ҳаст, ки маоши омӯзгорон лоақал то 1000 доллари ИМА мисли ҳамсоякишвари Ӯзбакистон боло бурда шуда, обрӯи омӯзгор мисли замони шӯравӣ ба ҷояш баргардонида шавад. Чун Ҷопони шикастхӯрдаи соли 1945 нисбати системаи маориф бояд муносибат кард. Вагарна оқибати миллат танҳо ва танҳо бесаводист на чизи дигар. Миллатро босавод бояд кард ва ба мардуми босавод бояд эҳтиром гузошт, то тавонанд барои давлату миллат хизмати шоёнеро анҷом диҳанд.