Салом СССР! Аз навиштаҳои мо баъзе бародарон малол мешаванд. Барои Ватан ва ҳимояи он бояд тунду тез навишт! Аз рӯи шиорҳои зиёд ҳама миллатдӯсту ватандӯстанд, вале дар асл баракси он кор мекунанд. Вақте Ватан мегӯӣ, бояд миллатро дар назар дошта бошӣ, вақте миллат мегӯӣ, ватанро!
Ватан мегӯему шукр мекунем, аммо аз мактабхонии фарзандонамон сар карда, то марги пиронамон ҳама ришва медиҳем. Акнун дарк карда истодаем, ки чаро номи бузурги муаллимро нест карда, коркуни муассисаро (?) омӯзгор ном ниҳодаем. То, ки ӯ ба хонанда ришвагириро омӯзад?
Ҳаким Ғуломов,
н.Дӯстӣ,
Тел: 935295266