Талбак Камолов, сокини деҳаи Қалъаи нав, Ҷамоати Қади Оби ш.Роғун, 85 сола, омӯзгори собиқадор (тел: 938408811) меҳмони идора шуда, гуфт, ки масъулин, хоса раисони шаҳру ноҳияҳо бояд таваҷҷӯҳро ба мактабу маориф бештар кунанд.
- Беш аз 50 сол собиқаи кории омӯзгорӣ дорам ва аҳли сухану фарҳангу маърифатро дӯст медорам. Агар гӯям, ки дар самти маорифу мактаб нисбат ба солҳои гузашта пешравӣ ҳаст, хато намешавад. Вале мехоҳам, таваҷҷӯҳ ба мактаб бештар бошад. Барои кадрҳои оянда бояд аз ҳоло замина гузошту кӯшид. Ягона роҳи дуруст ин хондану илм омӯхтан аст. Насли ҷавон агар хоҳад, ки дар оянда кадре шавад, бояд аз ҳоло аз истифодаи телефонҳои мобилӣ, тамошои филму дискҳои нолозим даст кашанд. Ҷавони ҳозирае, ки маълумот мегирад, бояд бе кӯмаки беруна ва ё шпаргалка ба суолу ҷавоб омода бошад.