ХАБАРИ ДОҒ

 

 Дар Исфара ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик 1 мактаб ба номи Иқбол Илёсзода (Иқбол Тешаев), журналисти маъруф ва собиқ сухангӯи ин шаҳр, гузошта шуд.

11-уми март, зимни таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик, шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода гуфт, дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара дар ин хусус қарори дахлдор қабул шуд. Номи журналисти тоҷик Иқбол Тешаев барои хидматҳояш дар журналистика, пӯшиши ҳаводиси марзӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ абадӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки Иқбол Илёсзода аз зумраи журналистони хушном ва сухангӯёни дастрас ба васоити ахбори омма дониста мешуд. Ӯ 5-уми апрели соли 2021 дар синни 51-солагӣ даргузашт.

Абдураҳмон Раҳмонов,

Журналист

 

Аз СССР: Ин ибтикори хубу ҳасанаи раиси Исфара, бояд дарси ибрат ба дигар раисони шаҳру навоҳӣ гардад, ки ба қадри журналистони хушноми зодаи диёрашон бирасанд. Мутаассуф, ҳини ҳукмронии Усмон Сабзов ва Шарифҷон Ҷумазода, ба ягон мактаби н. Ҳиссор номи бузургтарин журналисти муосир-Акбари Саттор гузошта нашуд. Бар боварем, ки Қосими Қосим раиси феълии ш. Ҳиссор ин камбуди идеологии ҳамтоҳои пешинаро ислоҳ мекунад ва мактаби деҳаи Мортеппа номи Акбари Сатторро мегирад. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter