Ҳокими Сафар, муаллиф ва хонандаи фаоли мо аз н.Файзобод ба идора занг зада, дар бораи рафти баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони синфҳои 10 ва 11-и ноҳияҳои тобеи марказ, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд, нақл кард.
- 17.02.2023 дар Мактаби президентии ш.Ҳисор Олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 10-11 баргузор гашт. Ман ҳам бо бачаҳои н.Файзобод ба ин олимпиада рафтам. Наздики 1000 нафар хонандагони болаёқат аз тамомии ноҳияҳои тобеи марказ дар он иштирок намуданд. Воқеан ҳам имрӯз насли наврас ба хондан зеҳн мондаанд ва мекӯшанд – инро ман дар ботину зоҳири бачаҳо дидаму шод шудам.
Вале 1 ҳолат маро нороҳат сохт ва ин ҳам воситабозӣ ё “тағабозӣ” дар олимпиада буд, ки барало дида мешуд. Бисёр хуб мешуд агар вазорати маориф ва илми кишвар назоратро дар олимпиадаҳо пурзӯртар мекард ва хонандагони дар ҳақиқат босавод ғолибият ба даст меоварданд.