ХАБАРИ ДОҒ

Беҳрӯзи Хайрулло, донишҷӯ, муаллиф ва хонандаи мо аз ш.Душанбе бо идора тамос гирифта (тел: 2385556), гуфт, ки вақтҳои ахир ҷалби донишҷӯён ба корҳои гуногун, бахусус шанбегиҳо ба назар мерасад, ки ташвишовар гардидааст.

   - Мо бояд аз он амалҳои қаблӣ, чун пахтачиниву тозагии маҳал ва боз даҳҳо кори дигар бо ҷалби донишҷӯён, инчунин барои пур кардани толорҳои маҷлису конфронсҳои гуногун аз ҳисоби онҳо даст кашем. Бояд донишҷӯёнро ба сайри маконҳои таърихию тамошои намоишҳои фарҳангиву фароғатӣ бурд, то аз он бардошти хубе намоянд. Барои корҳои дигар, бахусус шанбегиҳо масъулон ҳастанд. Лозим нест, ки барои 1 акс ва ё сабти телевизионӣ шуда, донишҷӯёнро ба корҳои беҳуда сафарбар карду вақти пурқиматашонро гирифт. Садди роҳи ин хел чизҳо бояд ҳарчи зудтар гирифта шавад!

Аз СССР: Кадом вақти пурқимат? 1 бор нигаред ҳамсолонатон 24 соат ба кадом «кори пурқимат» банданд-комп, тилфон, ФБ, телеграм, Вотсап, Пранк ва ғ. ва ҳ.? Дар даврони советӣ, студент шанбегӣ хам мекарду аскарӣ ҳам мерафту пахта низ мечиду картошкаву пиёзу сабзӣ ҳам. ССО-отряди сохтмонӣ низ мерафт, шабона ДНД-нозири тартибот мешуд, ба ҳар корафтода дасти кӯмак дароз мекард. Шаб кор мекарду рӯз мехонд ва куллан босавод буданд! Имрӯз шумо танҳо дар 1 сол 2-3 бор шанбегиву маршировка мераведу аз шикваҳоятон гӯши фалак кар шудааст. Роҷеъ ба саводу донишатон худатон хубтар медонед! Мо метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter