ХАБАРИ ДОҒ

Литсейҳои туркӣ хоин тайёр мекунанд???

  • Чоршанбе, Май 03 2023

 

Пеш аз он ки хатмкардаҳои литсей ва донишгоҳои туркӣ ба ягон мансаби давлатӣ, ҳатто кучактарине ба кор ҷалб карда шаванд онҳоро кумитаи амнияти миллӣ бояд хуб омӯзад, яъне аз элаки хеш безад.

Баъзеҳо таъриф мекунанд, ки мактабҳои туркӣ беҳтаринанд, хато мекунанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ туркҳо бо мактабҳои худ ба Тоҷикистон омаданд ва аз вазъияти бесуботӣ хуб истифода карданд. Ба мактабҳои кишвар рафта, беҳтаринҳо ва пулдоронро ба мактабҳои худ ҷамъ оварданд. Дар шаҳрҳои бонуфуз ва калони Тоҷикистон мактабҳои худро кушоданд.

Аксари озмунҳои байналмилалӣ, ки дар кишварҳои Малайзия, Руминия, Англия , Қазоқистон ва ҳатто Амрико баргузор мегарданд, созмондиҳандагонашон туркҳо мебошанд. Олимпиадаи аз ҳама бонуфуз, ки дар Амрико баргузор мегардад ва гӯё хонандагони мо аз он ҷо зиёд медал меоранд, «Geniusolimpiad» ном дорад ва аз мактабҳои туркӣ аст.

Хуллас туркҳо беҳтаринҳои моро гулчин ва баъдан мағзшӯйӣ мекунанд, мисли солҳои аввали асри гузашта, ки аксари донишмандони мо пантуркист шуданд ва алайҳи точикони асил, мисли Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум мубориза бурданд ва бадном карданд. Доим мегӯем, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, аммо боз ҳам ба хатоӣ роҳ медиҳему дар ғафлат мемонем...

 

Мирзоалӣ Миралиев

омӯзгор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter