Оё Раҳим Саидзода аз ин огоҳ аст?
Ҳамасола дар ин мавсим хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна омодагӣ ба имтиҳоноти давлатӣ мегиранд. Вале баргузории консертҳои пайдарпай, фурӯши чиптаҳо бо нархи барои 1 хонандаи миёнаҳол ҳангуфт ҳамин ҳоло на танҳо талабагон, ки волидайни онҳоро низ нигарон кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода дар тамомии мулоқоту вохӯрӣ ва баромадҳояш ба таъкид мегӯяд, ки вақти муаллим ва хонандаро бо баргузор намудани консертҳои нолозим ва билетфурӯшӣ банд накунед!!!
«Аммо ба кӣ мегуй!?»-гуфти Одина Ҳошими раҳматӣ...
Консерт, консерт ва боз консерт…
Ҳафтаи гузашта ба редаксияи газетаи мардумӣ беш аз 10 нафар падару модарон аз ш.Бохтар ва н.А.Ҷомӣ занг зада (мо умдан ному насаб ва рақами мактабҳоро намеорем, чун медонем, ки масъулин ҳатман пас аз нашри шикоят қасдро аз омӯзгорону волидайн мегиранд – қазияи картошкаҷамъкунӣ исботи ин гуфтаҳост!-ред.), аз баргузории консертҳои зиёду нолозим, ки тамошояш ба кӯдак ва хонанда чизи наве намедиҳад, шикоят карданд. Боз ҳам дар он замоне, ки нархи 1 чиптаи даромад ба консерти бемаъно 10 сомонӣ будаст…
«- Ҳоло вақти тайёрӣ ба имтиҳонот аст, на тамошои консерт!», - гуфтанд бо исрор падару модарон.
Тавре ба мухбири мо дар Маркази таҳсилоти иловагии назди шӯъбаи маорифи ноҳияи А.Ҷомӣ хабар доданд, ин иқдом, яъне консертҳои бенавбат аксар вақт аз тарафи МИҲД вилоят ва шӯъбаҳои маориф роҳандозӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, ки имсол иҷозат барои консертҳо зери имзои муовини раиси вилоят Ф. Шарифӣ дода шуда, барои баргузории он Марказҳои таҳсилоти иловагӣ вобаста шудаанд. Яъне, консерт ба ҷойи омӯзиши забонҳо ва аз худ кардани 400 калима!
Ва чи ҳам метавон кард, вақте дастур аз номи муовини раиси вилоят – муовини соҳавӣ меояд? Бечунучаро бояд иҷро кард!
45 млн. сомонӣ ба киссаи кӣ меравад?
Танҳо дар 1 ноҳияи А.Ҷомӣ дар 29 муассиса билетҳо фурӯхта шуда, шумораи чиптаҳои ба фурӯш рафта, аз 6 ҳазор адад гузаштааст. Нархи ҳар як билет 10 сомонӣ арзиш дорад. 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон чанд мактаб дорад ва чӣ қадар билет фурӯхта шудааст?
Агар дар 1 шаҳр ё ноҳия тахминан 30 мактаби миёна бошад, 25х30=750 мактаб. 750х6000=4 500 000 билет. 1 билет – 10 сомонӣ, дар умум 45 000 000 сомонӣ…
45 000 000 сомонӣ пули кам нест ва он ба киссаи кӣ меравад маълум нест. Фикр мекунам, дастандаркорон ва масъулин пайгири ин қиссаи билетфурӯшӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон ва дигар вилоёти кишвар хоҳанд шуд. Мо пайгири мавзуъем! Мо Метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова,
СССР