ХАБАРИ ДОҒ

 

Розиюлло Абдуллозода, зодаи ш.Уротеппа (13.03.1912) буда, он касро ҳама мешинохту ҳурматашонро ба ҷо меовард. Мавсуф дар ибтидо маълумоти худро дар мактаби кӯҳна гирифта, соли 1930 ба техникуми иқтисодии Тошкент дохил шуда, ҳамчун омӯзгор корро оғоз кардаанд. Сипас институти омӯзгории ш.Сталинободро (Душанберо соли 1942) хатм карда, дорои маълумоти олӣ гардидаанд.

Чун омӯзгор дар омӯзишгоҳҳои Ӯротеппаю Панҷакент ва аз соли 1955 дар дабистони №1, ба номи М. Горкийи шаҳр (ҳоло ба номи Набиҷон Қодирӣ) аз фанҳои забону адабиёт ва форсӣ дарс гуфта, то нафаси охирин фаъолияти пурмаҳсули хешро идома додаанд.

Он кас шефтаи сухани ноби тоҷикикю форсӣ буда, таърихдон низ буданд. Ҳамчун эҷодкор хабару мақола, лавҳа, очерку ҳикоя (аз соли 1959 узви ИЖ СССР) ва шеърҳояшонро бо тахаллуси «Расмӣ» иншо мекарданд.

Разиюлло Абдуллозода дар гирд овардани зарбулмасалу мақолҳои мардумӣ заҳмат мекашиданд. Заҳмати эшон буд, ки китобҳои «Зарбулмасалу мақолҳо дар асарҳои С. Айнӣ» (1958), «Ашъори мунтахаб»-и Обидхоҷа Лутфӣ» (1959), «Маҷмӯаи шеърҳо»-и Комил Шерзода (1959), «Ибораҳои халқӣ» (1974) нашр шуда, «Барои хотираи дӯстӣ» гуфта 30 - уми июни соли 1976 ба ман туҳфа кардаанд. «Луғати мухтасари адибони тоҷик» (1974), «Панди Оқил» (1982), «Ёди айёми гузашта» (1983), «Шогирди усто» (1989), «Хӯшаи пурбор», панду ахлоқии «Футуватнома» ва ғайра рӯи чоп оварда, дар тарғиби адабиёти тоҷик ва тарбия кардани насли наврас саҳми босазо гузоштаанд.

Бо аҳли эҷод, бахусус бо адибон алоқаи доимӣ доштанд. Борҳо дар чойхонаи «Ҳавзи морон», ки чашмаи об асту макони салқину зебост бо устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҷалил ва дигарон дидаам. Мавсуф соли 1995 дар синни 83-солагӣ дунёро падруд гуфтаанд.

Разиюлло Абдуллозодаро мардум чун муаллими ахлоқ меҳисобиданд.

Алӣ Бароти Истаравшанӣ,

ш.Истаравшан

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter