ХАБАРИ ДОҒ

Анализи арифметикии алифбо

  • Чоршанбе, Июл 12 2023

Сатҳи дониши ҷиянамро аз фанни забони русӣ санҷидам. Ӯ дар синфи 10-ум мехонад. Мушоҳида, кардам, ки дар навиштани ҷумлаю калимаҳое, ки ҳарфи «Ц» дорад, андаке душворӣ кашида, баъзе калимаҳоро бо имлои тоҷикии «тс» навишт, чунончи оценка-отсенка, социализм-сотсиализм, доцент-дотсент ва ғайра.

Бо «И» - и 61 (ибораи тоҷикони советӣ) калимаҳо навиштем:

БЫТ (ҳаёт), БЫТЬ (будан), БИТЬ (задан), ЩИТ (сипар), ШИТЬ (дӯхтан), ЩЕЛК (овози қарс), ШЕЛК (абрешим), ЦЕНА (нарх), СЕННА (гиёҳ).

 

«Ь» - аломате, ки моро ҷудо кард...

Устод Б.Собир таъсири хориҷ шудани ҳарфҳои Ц, Щ, Ы, Ь-ро таъкид карда буд.

Дар алифбои арабӣ ҳарфҳои П, Ж, Г, Ч нестанд, дар натиҷа «пил» - фил, шуду «порс» - форс, «гавҳар» - ҷавҳар.

Баъди санҷиши сатҳи забондонии ҷиян ин ҷадвали арифметикиро омода сохтем, ки ҳадаф ташхису таҳлили беғаразона аст.

Лоиҳаи алифбои тоҷикӣ дар асоси хати кириллӣ соли 1939 омода гардида, аз 33 ҳарфи русӣ – 31 то (94%) гирифта, 6 ҳарфи сирф тоҷикӣ (Ғ, Ӣ, Қ, Ӯ, Ҳ, Ҷ) ҳамроҳ карда шуданд. Тӯли 14 сол алифбои тоҷикӣ 37 ҳарф дошт. Соли 1954 ба таркиби алифбои тоҷикӣ ҳарфҳои «Щ», «Ы» дохил гардида, шумораи он ба 39 адад расида, он то соли 1998 бетағйир монд.

Давоми 44 сол тартиб ё рақамгузории алифбои русӣ ва тоҷикӣ аз 1 то 33 ба ҳам 100% мувофиқат мекарданд.

 

Ихроҷи ҳуруф аз алифбо

Соли 1998 боз 4 ҳарфи алифбо хориҷ карда шуданд, ки бо % фоиз ифода намоем, Де -юре – 10%, аммо дар асл, Де - факто – 12% алфавити русиро кам кардем. Аз 33 танҳо 29 ҳарф боқӣ монд, ки 88%-ро ташкил медиҳад.

Дар ин ҷо саволи табиӣ пайдо мешавад: Оё миқдор ба сифат таъсир мерасонад?  

То соли 1998 аз таркиби алифбои тоҷикӣ 100% - 33 ҳарфи алифбои русиро шинохтан мумкин буд. Акнун танҳо 88%.

Дар 1 вақт ҳарфҳои тоҷикии Ғ, Ӣ, Қ, Ӯ, Ҳ, Ҷ ҷойҳои худро иваз карда, назди решаҳои худ рафтанд, минҷумла, ҳарфи «Ғ» аз рақами 34 ба №5 гузашт. Ҳарфҳои 11, 12, 13 пайи ҳам омада, ба ҳам монанд ва баъзе хонандагон қоидаи кадом вақт гузаштани «И»-и дароз-Ӣ-ро хуб намедонанд.

 

Қиссаи Шароф-амаки самарқандӣ

Хонандагони хайрхоҳу хушбини газетаи мардумии СССР, бо ин факти саргузаштӣ мехоҳам ба мақолаи таҳлилӣ нуқта гузорам. Зеро дар ҳар амалу гуфтору рафтору навишт ҷузъиёт муҳим аст.

Дар шаҳри Самарқанд Шароф-амак ном ҳамкор ва дӯстам доимо ба забони ноби тоҷикӣ ҳарф мезаду аммо мегуфт, ки мактаби миёнаро ба забони ӯзбекӣ хатм кардааст. Боре 1 хабарномаи маҳалларо ба тоҷикӣ навишта, аз камина хоҳиш намуд, ки аз назар гузаронам.

Дар ҳол пай бурдам, ки ибораи «рӯзи ҷума» бе аломати «ъ», аммо бо ҳарфи «ҷ»-и тоҷикӣ дуруст навишта шудааст.

Пурсидам: - Мактабро ӯзбекӣ хонда бошед, «ҷ»-и тоҷикиро аз куҷо медонед?

Гуфт: - Эҳ, шумо зираки бало, аз 1 ҳарф фаҳмидед-а?… То синфи 7-ум забони таълим тоҷикӣ буду сипас мактабамон пурра ӯзбекӣ шуд.

(ҷадвал замима мегардад)

 

Анализи арифметикии алифбо

б/т

 

Фактҳо барои таҳлил

Шумораи ҳарфҳо

Асос, таркиб (шартан)

 

Шарҳу тавзеҳ

русӣ

бо %

тоҷикиӣ

бо %

1

Алифбои русӣ

33

33

100

 

 

 

 

2

Ҳарфҳои русиасоси ихтироъи Тоҷикон

Ғ, Ӣ, Қ, Ӯ, Ҳ, Ҷ

 

6

 

 

 

6

 

100%

лоиҳа:  1939

гузариш:  1940

(р – русӣ, т – тоҷикӣ)

 

3

 

Алифбои тоҷикӣ

(1940-1954)

 

37

 

31

 

94%

 

6

 

100%

 31 русӣ + 6 тоҷикӣ = 37 ҳарф

Буд: 94 % р + 6 т (нест: Щ, Ы)

 

4

 

Алифбои тоҷикӣ

 (1954-1998)

 

39

 

33

 

100%

 

6

 

100%

33р + 6т = 39 ҳарф

Шуд: 100 % р + 6 т (илова: Щ, Ы)

 

5

Алифбои тоҷикӣ

 (1998)

 

35

 

29

 

88%

 

6

 

29 р + 6 т = 35 ҳарф

Монд: 88 % р + 6 т

 

 

6

 

Ҳарфҳои хориҷшуда:

Ц, Щ, Ы, Ь

 

4

 

4

 

12%

 

 

 

         Де-юре:

 39т – 4р =35т (хориҷ – 10%)

         Де-факто:

 33р-4р = 29р (хориҷ-12%)

 

 

 

7

 

 

Хулосаи таҳлили арифметикӣ (рақамӣ)

 

 

 

 

 

Таркиби алифбо (% шартан)

37т=31р+6т+84%+16%=100%

39т=33р+6т=85%+15%=100%

35т=29р+6т=83%+17%=100%

(1940) 84% алиф.тоҷ.=31рус (94%)

(1954) 85% алиф.тоҷ.=33рус (100%)

(1998) 83% алиф.тоҷ.=29рус (88%)

 

 

 

Маннон Махсумов,

ш.Истаравшан

 

 

 Аз СССР: Ба Алифбо нарасе(м)д!!!

Мо борҳо гуфтаву боз мегӯем: Ба Алифбои сириликасоси давлатӣ-расмулхатти расмии ҶТ бояд даст нарасонанд! Ҳар устоде профессору академике назари худ ва мавқеи худро дорад. Вале Алифбо догма аст! Алифбо бояд бе тағйир монад. Фарзи мисол, Тоҷикон ҳамагӣ 1 «С», 1 «З» ва 1 «Т» доранд. Дар Алифбои арабиасоси форсӣ 3 «С», 4 «З» ва 3 «Т» ҳаст. О, осмон ба замин назадааст-ку? Ҳарфҳои русии Ц, Щ, Ы, Ъ, Ь... бояд бошанд, вале корбаст нагарданд!

Ин тағйиру иловаҳо ба имлову сарфу наҳв-грамматика (ҳарфи Ӯ дар вожаи арабӣ бошаду дар тоҷикӣ на?!), куллан ҳамаро бесавод кардан доранд. Фарзи мисол, за рӯи меъёрҳои нав ҳатто Айниву Бобоҷон Ғафуров хато менавиштаанд...

Зимнан, мо пешниҳод дорем, ҳар тағйироте дар Алифбои сириликасос мегузарад, бояд дар ҷараёни референдуми умумихалқӣ гузаронида шавад. Танҳо дар ин сурат, мо метавонем, аз фалаҷгардии забон ҳифозат карда, Алифбои худро эман нигоҳ дорем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter