Айни замон дар ноҳияи Ҷайҳун танҳо 2 муассисаи томактабӣ – боғчаи кӯдакона фаъолият дорад. Дар даврони СССР дар ҳудуди ноҳия 44 муасиссаи томактабӣ арзи ҳастӣ дошт, ки аз он 22 тоаш дар назди ҷамоатҳо ба тарбияву таълими насли наврас машғул буданд.
Ҳоло 2 муасиссаи томактабии ноҳияи Ҷайҳун тибқи стандарти давлатӣ барои 120 кӯдак бино сохта шудааст ва он ҳам дар умум барои 240 нафар. Яъне, дар 1 ноҳияи калон танҳо 240 кӯдак ба боғча фаро гарифта шудаанду бас. Магар ин шумора басанда аст?
Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори СССР муовини раиси ноҳияи мазкур Гулбаҳор Бахтзода иброз дошт, муассисаи томактабие, ки 3 даҳсола пештар фаъолияти пурсамар дошт, имрӯз ба гимназия табдил ёфтааст. Чунононе иттилоъ пайдо кардем дар ноҳия сохтмони биное идома дораду пас аз итмоми он гимназияро ба ҷои аввалӣ мекӯчонанд. Шояд ҳамин тавр шаваду боз барои 1 боғчаи дигар ҷой пайдо гардад!?
Шуъбаи маориф дар хобгоҳ…
Дигар ин ки шуъбаи маорифи н.Ҷайҳун дар дохили хобгоҳи литсейи касбии техникии ноҳия иҷоранишин будааст. Наход 1 ноҳияи калони аз лиҳози кишоварзӣ тараққикардаи кишвар наметавонад шуъбаи маорифро бо бинои худӣ таъмин намояд?
Мушкил дар грантдеҳ ё вазорати молия?
Имсол дар 16 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз ҷониби Вазорати молия грантҳо ҷудо шудааст, ки ба ин шумора ноҳияи Ҷайҳун ҳам ворид мегардад. Шералӣ Давлатзода, намояндаи ширкати грантӣ дар шуъбаи маориф изҳор дошт, ки ҳамасола чи барои таъмир ва чи азнавсозӣ аз муасисаҳои томактабӣ барои баҳогузорӣ ба Вазорати молия пешниҳод ирсол мегардад.
- Баъди таъмир боз масъалаи таъмин бо таҷҳизот дида мешавад, яъне корҳои ҳам бунёдӣ ва ҳам азнавсозӣ марҳила ба марҳила анҷом меёбанд, таъкид кард Шералӣ Давлатзода.
Тавре ба намояндаи рӯзномаи СССР хабар доданд, ҳангоми маросими ифтитоҳи муасисаҳои томактабӣ намояндагони ҳам Вазорати маориф ва ҳам тандурустӣ дар он ҳамчун аъзои комиссия ширкат карда, оиди каму костии муассиса ба Вазорати молия хулоса пешниҳод кардаанд.
2 муассисаи томактабие, ки дар ноҳия фаъолият доранд, танҳо бо ҷудо шудани грантҳо андак қисматҳояшро бо рангу бори оддӣ оро додаанду халос. Таъмир танҳо ороишӣ буда, ширкатҳо ваъда додаанд, ки рӯзҳои наздик ба онҳо таҷҳизот ва лавозимоти лозима дастрас мекунанд. Ваъдаи ширкат ҳам гӯшти аспхӯрда набошад, боз? Мисле, ки ваъдаҳои Вазорати молия, тавре овозаҳо мегӯянд, чун умри одами ганда дароз аст, агар...миёнараве пайдо нашуд.
Воқеан ҳам дар бораи Вазорати молия гуфти Бобои Ғулом “гапу чак” зиёд аст ва қариб соҳае нест, ки аз ин вазорат наноладу дод нагӯяд. Ва ин дар ҳолест, ки масъулини баландпояаш бо пораву ришваи бузург ба даст меафтанду тани танҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мисле, ки вазири ин ниҳод дар олами руъёҳо ва афсонаҳо дар парвоз асту аз аъмоли масъулини баландрутбааш бехабар.
Мо пайгири мавзуъем ва хонанда низ агар шикояте аз ин вазоратхона дорад, марҳабо, дари мо кушода аст ва Мо Метавонем!
Маблағ ҳаст, аммо ку?
Проблемаи асосии боғчаҳо - ин надоштани майдончаҳои варзишӣ ва мизу курсиҳо барои машғулият, набудани ошхонаҳо ва хӯроки хушсифат аст. Маълум гардид, ширкатҳое, ки барои бунёди муассисаҳои томактабии ноҳияи Ҷайҳун саҳмгузорӣ мекунанд, барои мизу курсиҳо ҳам маблағи муайян пардохт кардаанд. Илова бар ин аз шуъбаи молияи ноҳия низ барои харидорӣ намудани мизу курсиҳо 47 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Вале роҳбарони 2 муасиса аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҳармоҳа барои хурду хӯроки кӯдакон аз шуъбаи молия 3,5 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад, лек дар шуъбаи молия мегӯянд, ки онҳо то 7 ҳазор сомонӣ танҳо барои 1 муассиса ҷудо менамоянд. Ба кӣ бовар кунем, роҳбарони муассиса ё сардори шуъбаи молияи ноҳия?
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳар шаҳру ноҳияи кишвар муваззаф аст, баҳри рушди соҳаи маориф кӯшиш ба харҷ дода, проблемаҳои мубрами соҳаро дар маҳалҳо ҳаллу фасл намояд, яъне ҳаллу фасли ин мушкилот бар дӯши ҳукумати н.Ҷайҳун ва раиси он Абдулҳафиз Одиназода вогузор мемонад. Мо Метавонем!
Қ. Нуриддин
махсус барои СССР