ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 25 2018


Вазорати корҷои хориҷии ҶТ дар робита ба куштори Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки 5-солаи Тоҷик дар шаҷри Серпуховои вилояти Маскав, ки 22.07.2018 рух дод, ба Вазорати корҷои хориҷии ФР ёддошт фиристод. Ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти марбутаи Федератсияи Россия даъват намудааст, то тафтиши комили ҷинояти ваҷшиёна, ки нисбат ба ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ѓайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад.
 Дар ёддошти мазкур аз ҷумла гуфта мешавад, ки куштори  ваҳшиёнаи  шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода, ки рӯзи 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод,  боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид. Инчунин, зикр карда шуд, ки намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақомоти марбутаи Россия то аноҷоми тафтишот ва судури ҳукми ҷазо дар тамоси доимӣ хоҳанд буд.

Панҷшанбе, Июл 19 2018


Ҳуҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз хатми маъмурияташ дар Душанбе имрӯз 19.07.2018 Душанберо тарк намуд. Ӯ ноябри с.2014 ба ҳайси сафири ин кишвар ба Тоҷикистон омада, наздики 4 сол ин вазифаро бар дӯш дошт. Коршиносони масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ бар онанд, ки мавсуф дар ин мӯҳлати ваколати хеш натавонист ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон такони нав бидиҳад ва барои аз байн бурдани мушкилоти мавҷуда кӯшише ба харҷ кунад. Аз ин рӯ, Фағониро яке аз сафирони камфаъолтарини ин кишвар дар Тоҷикистон мешуморанд. Гуфта мешавад, сафири нави ҶИЭ дар Тоҷикистон ҳафтаи оянда вориди Душанбе гашта, умед бар он аст, ки эшон барои рафъи мушкилот дар муносибатҳои 2 кишвар талоши бештар хоҳад кард.

Чоршанбе, Июл 18 2018


Президенти Чеченистон Рамазон Қодиров дар сӯҳбат бо ТВ "Россия 24" гуфт, ки сабти расмии никоҳ бо ҳадафҳои ғаразнок роҳандозӣ шуд: "ЗАГС чӣ даркор? Ба ин хотир, ки вақте онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд, молу мулкро тақсим кунанд. ЗАГС ин қадами аввал ба сӯи хароб кардани оила аст. Худованд ба мард иҷозат додааст, ки 4 зан дошта бошад. Бисёрзанӣ хуб аст, доштани маъшуқаи зиёд – бад!»

Чоршанбе, Июл 18 2018


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-президенти Туркманистон дар 1 тағйироти навбатии кадрӣ якбора 3 муовини сарвазири кишварро иваз кард. Ҳамчунин ба раисони 5 вилоят танбеҳ эълон дод. Президент аз фаъолияти мансабдорон изҳори норозигӣ ва онҳоро дар иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ ва роҳ додан ба камбудиҳо айбдор кард.

Чоршанбе, Июл 18 2018


Мақомоти Қазоқистон зидди баргузории тазоҳурот дар шаҳрҳои Алмаато ва Остона шуданд. 1 рӯз пеш мақомоти қудратӣ аз созмони «Интихоботи демократии Қазоқистон» хоста буд, ки ба ин тазоҳурот бе иҷозат нараванд. Қаблан созмони мазкур аз тарафдоронаш даъват кард, ки ба тазоҳуроти “Таълими бе пул” бароянд. Ин созмон аз тарафи Мухтор Аблязов-мухолифи Нурсултон Назарбоев-президенти ин кишвар ташкил шудааст. Худи Аблязов аз с.2009 то ҳол дар хориҷа зиндагӣ мекунад.

Ҷумъа, Июл 13 2018



Алӣ Рифъат Кёксал, сафири Фавқуллода ва Ваколатдори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе зимни баргузории 1 нишасти вежа бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар таъкид дошт, ки нафаре аз душманони Тоҷикистон, хосса он ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯи мақомоти қудратӣ ҳастанд, ҳеҷ гоҳ дар ҳудуди Туркия паноҳ нахоҳанд ёфт.
Дар нишасти матбуотӣ, ки ба 2 солгарди табадуллоти давлатӣ дар Туркия бахшида шуда буд, Алӣ Рифаът Кёксал иброз намуд, ки бо гузашти 2 сол давлат ва мардуми Туркия ҳанӯз ҳам аз пайомадҳои ин табадуллот ба худ наомадаанд.
-Дар ин радиф Тоҷикистон барои мо беҳтарин намуна аст, зеро дар кишвари шумо низ чанд сол пеш ҷанги шаҳрвандӣ ва сипас табадуллот ба вуқӯъ пайваст, аммо назар ба мардуми мо шумо тавонистед онро ба зудӣ паси сар намоед, -афзуд сафир.
Бояд қайд намуд, ки 15.07.2016 дар Туркия аз тарафи пайравони созмони ФЕТО табадуллоти давлатӣ сурат гирифта, тавре ки баъдан маълум шуд, дар паси он Фатҳуллоҳ Гюлен, сиёсатмадори мухолиф ва ходими шинохтаи динии ин кишвар меистод.
  

СССР

саҳ 55 аз 104

Китобҳо

Flag Counter