Вазорати корҳои хориҷии ҶТ бо пахши 1 изҳорот хунрезӣ дар Ғазза ва кушта шудани даҳҳо шаҳрвандони Фаластинро, ки ба тазоҳуроти осоишта баромада буданд, маҳкум кард.
«Шиддатёбии вазъият ва таҳрики амалиёти хушунатбор вазъияти бе ин ҳам хатарноки минтақаро печидатар месозад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати ҳатмии ҳалли низоъ бар асоси қатъномаҳои маълуми Шӯрои амнияти СММ, аз ҳамаи ҷонибҳо даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи зӯр ва амалҳое, ки поя ва асоси сулҳу суботро аз байн мебаранд, худдорӣ намоянд»- чунин омадааст дар изҳороти мазкур.
Бояд қайд намоем, ки рӯзи 14.05.2018 беш аз 35 ҳазор фаластиниҳо ба кӯчаҳо рехта, бар зидди кӯчонидани сафорати давлати Исроил аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас эътирози сулҳомез пеш гирифтанд. Аммо ин эътирози сулҳомез аз ҷониби қувваҳои номаълум ба террори ҳақиқӣ мубаддал гашта, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо сокинони осоиштаи Ғазза гашт.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар 1 ҷаласа раҳбарони ноҳияҳои Тошкандро танқид ва аз раисони 11 ноҳияи пойтахт талаб кард, ки зиндагии мардумро беҳтар кунанд: “Агар раҳбарони ноҳияҳои Тошканд наметавонанд миллионҳо доллар сармояи хориҷиро ҷалб кунанд, чунин раҳбарон ба ман даркор нестанд, ман ҳамаи онҳоро барканор мекунам. 70%-и вазирон ва мақомоти баландпояи дигар, ки дар Тошканд ба сар мебаранд, акнун дар вилоятҳо зиндагӣ хоҳанд кард. Ба ҳеҷ кадоме аз онҳо иҷоза намедиҳам, ки дар Тошканд бимонанд. Мо дар ТВ мебинем, ки мардум дар вилоятҳо чӣ зиндагӣ дорад: об нест, газ нест, сохтори замонавӣ нест, барқ нест!”
Комиссияи ҳукуматии Русия дар корҳои сармоягузории хориҷиҳо ба бахши иқтисодӣ иҷозат дод, ки тоҷири қазоқ Тимур Қулибоев-домоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, бандари Висотскро дар соҳили Виборги баҳри Балтик бихарад. Хадамоти федеролии зиддимонополии Русия гуфтааст, Қулибоев назорати бандари Висотскро дар 90-километрии шаҳри Санкт-Петербург ба даст овард. Арзиши ин хариду фурӯш дақиқ нест.
Президенти Украина Петро Порошенко дар 1 маҷлисе бахшида ба амният гуфт, ки тасмим дорад, Украинаро аз ҳайати СНГ (ИДМ) берун барад ва бахши созишномаи шарикӣ бо Русияро комилан бекор кунад. "Украина ҳеч гоҳ узви воқеии ИДМ набуд. Ман ба ин далел, ки созмон аз маҳкум кардани таҷовузкориҳои Русия зидди Украина худдорӣ кард, хостам, дар якҷоягӣ бо ҳукумат пешниҳоди қатъи расмии узвияти кишвари худ дар назди ниҳодҳои ойинномавии ИДМ-ро омода кунам", гуфт Петро. Ёдрас мешавем, ки ИДМ с.1991 баъд аз суқути СССР таъсис ёфта, Украина аз он замон то ҳол узви нозири ин созмон буд.
Парламенти Қирғизистон пас аз 1 рӯзи эълони нобоварӣ ба ҳукумати шарики наздики президенти собиқ Алмосбек Отамбоев, номзадии Муҳаммадхалӣ Абилғозиевро ҳамчун сарвари ҳукумат тасдиқ кард. Ҳукумати нав аз вазирони нав ва мақомдорони ҳукумати нахуствазири пешин Сафар Исҳоқов иборат аст. Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ҳукумати Исҳоқовро баъди эълони нобоварии парламент пароканда кард. Исҳоқов аз нафарони наздик ба Отамбоев аст ва барканории ӯ аз ин мақом ҳамчун нишонаи идомаи муборизаи Ҷеенбеков ва Отамбоев барои қудрат гуфта мешавад.
Баъди он, ки журналист Владимир Соловев дар барномаи худ “Воскресный вечер” гуфт, ки эҳтимолан аз миёни Қазоқистону Русия "гурбаи сиёҳ гузаштаасту шояд Майдони навбатиро ба хотири ҷудо сохтани Остона аз Москва дар Қазоқистон мунтазир шавем?", дарҳол Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев-президентони Русия ва Қазоқистон дар 1 сӯҳбати телефонӣ вазъи Сурияро баррасӣ карданд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар