ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Апр 19 2018


Соронбой Ҷеенбеков-президенти Қирғизистон Абдил Сегизбоев-раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва муовини ӯ Болот Суюмбоевро аз мақомҳояшон сабукдӯш кард. Ҳоло бархе аз коршиносони сиёсӣ барканории ин 2 нафарро аломати дигаре аз авҷ гирифтани зиддият байни Ҷеенбеков ва Алмосбек Отамбоев-президенти собиқ медонанд. Абдил охирин сухангӯи Аскар Акаев-президенти собиқи Қирғизистон дар соли 2005 буд.

Панҷшанбе, Апр 19 2018


Кумитаи дифоъ аз журналистон Ҳукумати Илҳом Алиев-президенти Озарбойҷонро барои маҳдуд кардани озодии баён сахт танқид кард. Ин Кумита гуфт, мақомоти Озарбойҷон дар арафаи интихоботи президентӣ тамоми минбарҳои расмӣ барои ибрози норизоиятро аз байн бурдаанд. “Ба зиндон андохтани журналистон, рабудани онҳо аз хориҷ, муттаҳам кардани онҳо ба тақаллуби иқтисодӣ, бастани вебсайтҳо, шикастани саҳифаҳои иҷтимоии журналистон, манъи сафари онҳо аз усулҳоест, ки ҳукумати Алиев барои хомӯш кардани матбуоти мустақил ва интиқод ба кор бурд» гуфтааст Кумита.

Панҷшанбе, Апр 12 2018


Алмосбек Отамбоев-президенти собиқи Қирғизистон раиси Ҳизби сотсиал-демократи он кишвар интихоб шуд. “Ҳадафи бозгашти ман омода кардани ҳизб ба интихоботи парламентии с.2020 аст» гуфт ӯ ва ба ин суол, ки дар мавриди он ки оё ҲСД ҳизби инқилобӣ хоҳад шуд, афзуд: «Худо инқилобро нишон надиҳад. Фикр мекунам, ончи то ҳол буд, кофист. Ва ҳадафи ҳизб ба нахуствазирӣ расондани Отамбоев ҳам нест. Нахуствазири кунунӣ хуб кор мекунад. Ҷавону бақувват аст. Гоҳо иштибоҳ мекунад, вале кор мекунад. Мо бояд кишвари воқеан демократӣ бошем”.

Панҷшанбе, Апр 12 2018


Оппозитсияи ҳукумати Озарбойҷон-гурӯҳи “Мусовот” ва «Шӯрои миллии нирӯҳои демократӣ» дар 1 митинги эътирозӣ аз мақомот хостанд, ки зиндониҳои сиёсиро пурра озод кунанд. Ин дар ҳолест, ки ба баргузории интихоботи пешазмуҳлати президентии Озарбойҷон камтар аз 2 ҳафтаи дигар мондааст. Илҳом Алиев-президенти феълӣ барои 7 соли дигар президенти Озарбойҷон хоҳад шуд.

Панҷшанбе, Апр 05 2018


Владимир Тимошков-дӯсти Сергей Скрипал-ҷосуси собиқи Русия, ки оғози моҳи марти имсол дар Англия заҳролуд шуд, гуфт, Сергей чанд вақт пеш ба Владимир Путин нома навишта, хоста буд, ки иҷоза диҳад, ӯ ба Русия баргардад. Ба қавли Тимошков, ӯ дар номааш худро хоин надониста, айни замон аз он таассуф хӯрдааст, ки ҷосуси дугона буд, яъне барои 2 кишвар кор мекард. Ёдовар мешавем, ки Скрипал ва духтари 33-солааш Юлия 3 ҳафта боз дар ҳолати кома-беҳушӣ дар бемористони Лондон ҳастанд.

Панҷшанбе, Апр 05 2018


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар рӯзи таҷлили Наврӯз бо 1 сафари ғайриинтизор меҳмони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиеёв шуд ва ба ш.Самарқанд рафт. Вебсайти Мирзиёев навишт, ки мулоқоту музокироти президентони Узбекистону Қазоқистон дар худи Самарқанд сурат гирифт. Дар ин мулоқот сӯҳбат аз зарурати пешравии ҳамкориҳо рафтааст.

саҳ 61 аз 104

Китобҳо

Flag Counter