Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 12.04.2017 бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов ва сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мулоқот кардааст.
Чуноне ки сомонаи расмии Мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ дар ш.Душанбе хабар медиҳад, Рустами Эмомалӣ бо ШОқосим ШОисломов ва Игор Лякин-Фролов маҷмуъи масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории шаҳри Душанбе бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русияро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ба роҳҳои баланд бардоштани сатҳи равобит дар соҳаҳои барои ҳар 2 тараф мувофиқ изҳори назар намуданд.
Оғози парвозҳо дар хатсайри ҳавоии байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошкент ва рӯзҳои наздик баргузор шудани Намоишгоҳи молҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ш. Душанбе аз иқдомоти муҳим дар ин роҳ маънидод гардид.
Ҷонибҳо оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гуногуни мошинсозӣ, техникаи маишӣ, асбобҳои рӯзгор ва дигар ҷанбаҳо мароқ зоҳир карданд.
Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Вобаста ба густариши ҳамкорико бо ФР бошад таъкид гардид, ки тайи 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ҳамкориҳо сатҳу уфуқҳои навро касб карданд.
Дар ин давра шаҳри Душанбе бо шаҳри Санкт-Петербург муносибатҳои бародаршаҳриро ба роҳ монда, бо дигар шаҳру вилоят ва минтақаҳои Россия равобити ҳамкориро вусъат бахшид.
СССР
Намояндагони мақомоти марзбонии Ӯзбакистон ба ш.Панҷакент ташриф овардаанд. Мулоқоти марзбонони Ӯзбакистон бо марзбонони Тоҷикистон дар ш.Панҷакент ҳудуди 3 соат идома ёфта, то ҳол аз натиҷаи ин мулоқот расман чизе ироа нашудааст. Гуфта мешавад, ин мулоқот ба хотири кушода шудани сарҳади Ҷартеппа - Саразм воқеъ дар қисмати ғарбии ш.Панҷакент сурат гирифтааст. Ба иттилои дигар манбаъ, марзбонони тоҷику ӯзбак ба хотири пешгирии убури ғайриқонунии марз ва ҳамкорӣ дар ин самт вохӯрӣ доир намудаанд. Ин дар ҳолест, ки аввалин хатсайри ҳавоӣ байни ин кишвар ҳамсоя соли равон пас аз 25 сол боз ба роҳ монда шуд ва чунин ба назар мерасад, ки ҳамкориҳои хуб ва муносибатҳои нарм байни Тоҷикистону Ӯзбакистон пас аз ба сари тахт омадани Шавкат Мирзиёев ба роҳ мондан дорад.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин дар мусоҳибаи худ бо шабакаи телевизионии “Мир 24” таъкид намуд, ки Россия аз пешомади “инқилобҳои ранга” дар ҳудуди марзи худ ва кишварҳои аъзои Созмони Шартномаи бехатарии коллективӣ (ОДКБ) ҷилавгирӣ хоҳад кард.
“Мо аз назарияҳои гуногуне, ки барои амалӣ намудан дар минтақаҳои мухталиф пешбинӣ шуда, боиси ноамнӣ ва хатароти ҷиддӣ ба истиқлолияти ин кишварҳо мешаванд, аллакай огаҳем. Биноан, аз ҳар гуна амалоти монанд ҷилавгирӣ намуда, кушиши бархурди шадид ба “инқилоб”-ҳои мазкур дар ҳудуди Россия тақвият дода шуда, шариконамон-кишварҳои ОДКБ ҳамаҷониба дасгирӣ хоҳанд ёфт.”- иброз намуд дар ин мусоҳиба В.В . Путин.
Қаблан дар хусуси хатароти “инқилобҳои ранга” дар кишварҳои аъзои Созмони Шартномаи бехатарии коллективӣ (ОДКБ) президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳам ибрози назар намуда буд.
Масъалаи “инқилобҳои ранга” на танҳо дар сатҳи ОДКБ, балки дигар аз созмонҳои бонуфузи минтақа-Созмони Ҳамкории Шанхай (ШОС) низ мавриди баррасӣ қарор дорад. Чанд рӯз пеш намояндаҳои мамолики аъзои ин созмон дар нишасти шаҳри Остонаи Қазоқистон, масъалаи дастовардҳои ин ташкилотро дар самти мубориза бо терорризм мавриди назар қарор дода буданд. Дар ин нишаст Конвенсияи нави мубориза бо экстремизм ба мувофиқа расида, бо дархости ҷониби Россия дар ин ҳуҷҷат банди алоҳида, ҷиҳати мубориза ва пешгирии “инқилобҳои ранга” илова гардида буд.
СССР
Дар пайи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон нафароне, ки ба мансабҳои давлатӣ интихоб ё таъин мегарданд ва шаҳрвандии давлати дигар доштани худро пинҳон мекунанд, ҷазо хоҳанд шуд.
Шӯрои палатаи поёнии парлумон тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро имрӯз, 10. 04 дар 1 ҷаласа баррасӣ кардаанд, ки он ҷавобгарии маъмурӣ барои пинҳон намудани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ё таъин шудан ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва мансабҳои давлатие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо маҳдудияти доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намудааст.
Тибқи тағийроти воридшуда ба моддаи 5011-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои аз ҷониби шаҳрванд пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ва ё таъин шудан ба вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии давлати дигарро пешбинӣ менамояд ба андозаи аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 50 сомонӣ муайян гардидааст.
СССР
Парвозҳои хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоии рус «Уралские авиалинии» ва «Ютэйр» аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯз тибқи реҷаи муқаррарӣ ва тасдиқшуда амалӣ ёфта истодааст.
Рустами Эмомалӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ш. Душанбе рӯзи гузашта 2.04.2017 дар интихоботи ҳавзаи интихоботии шаҳрии №25 бо 84,81% овозҳо вакили Маҷлиси вакилони ш. Душанбе интихоб гардид.
Бино ба иттиллои комиссияи шаҳрии интихоботӣ, рақибони Рустами Эмомалӣ дар ин интихобот Фазлиддин Икромов, аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳикматулло Саидиён аз Ҳизби демократии Тоҷикистон буданд, ки тавонистанд танҳо 7,81% ва 2,65% раъйи мардумро ба даст биёранду халос.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар