ХАБАРИ ДОҒ

В.Путин кишварҳои аъзои ОДКБ-ро аз “инқилобҳои ранга” ҳифз карданист.

  • Чоршанбе, Апр 12 2017


 Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин дар мусоҳибаи худ бо шабакаи телевизионии “Мир 24” таъкид намуд, ки Россия аз пешомади “инқилобҳои ранга”  дар ҳудуди марзи худ ва кишварҳои аъзои Созмони Шартномаи бехатарии коллективӣ (ОДКБ) ҷилавгирӣ хоҳад кард.
“Мо аз назарияҳои гуногуне, ки барои амалӣ намудан дар минтақаҳои мухталиф пешбинӣ шуда, боиси ноамнӣ ва хатароти ҷиддӣ ба истиқлолияти ин кишварҳо мешаванд, аллакай огаҳем. Биноан, аз ҳар гуна амалоти монанд ҷилавгирӣ намуда,  кушиши бархурди шадид ба “инқилоб”-ҳои мазкур дар ҳудуди Россия тақвият дода шуда,  шариконамон-кишварҳои ОДКБ ҳамаҷониба дасгирӣ хоҳанд ёфт.”- иброз намуд дар ин мусоҳиба В.В . Путин.
Қаблан дар хусуси хатароти “инқилобҳои ранга” дар кишварҳои аъзои Созмони Шартномаи бехатарии коллективӣ (ОДКБ) президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳам ибрози назар намуда буд.
Масъалаи “инқилобҳои ранга” на танҳо дар сатҳи ОДКБ, балки дигар аз созмонҳои бонуфузи минтақа-Созмони Ҳамкории Шанхай (ШОС) низ мавриди баррасӣ қарор дорад. Чанд рӯз пеш намояндаҳои мамолики аъзои ин созмон дар нишасти шаҳри Остонаи Қазоқистон, масъалаи дастовардҳои ин ташкилотро дар самти мубориза бо терорризм мавриди назар қарор дода буданд. Дар ин нишаст Конвенсияи нави мубориза бо  экстремизм ба мувофиқа расида, бо дархости ҷониби Россия дар ин ҳуҷҷат банди алоҳида, ҷиҳати мубориза ва пешгирии “инқилобҳои ранга” илова гардида буд.


СССР


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter