Дар пайи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон нафароне, ки ба мансабҳои давлатӣ интихоб ё таъин мегарданд ва шаҳрвандии давлати дигар доштани худро пинҳон мекунанд, ҷазо хоҳанд шуд.
Шӯрои палатаи поёнии парлумон тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро имрӯз, 10. 04 дар 1 ҷаласа баррасӣ кардаанд, ки он ҷавобгарии маъмурӣ барои пинҳон намудани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ё таъин шудан ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва мансабҳои давлатие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо маҳдудияти доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намудааст.
Тибқи тағийроти воридшуда ба моддаи 5011-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои аз ҷониби шаҳрванд пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ва ё таъин шудан ба вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии давлати дигарро пешбинӣ менамояд ба андозаи аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 50 сомонӣ муайян гардидааст.
СССР