ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Март 02 2017

Дар сайтҳои хабариву таҳлилии интерет қабл аз сафари В.В.Путин-президенти Русия ба Душанбе сару садое пайдо шуд, ки гӯиё Кремл дар ҳоли ҳозир масъалаи таъсиси базаи  дуюми ҳарбиашро дар Тоҷикистон меандешад. Вале Александр Фомин-муовини вазири дифои Русия 28 феврал дар Бишкек дар посух ба суоли хабарнигорон, ки “оё Русия нақшаи сохтани пойгоҳи дуюмаш дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари шарикашро дорад?”, гуфт, "чунин масъала баррасӣ намешавад. Дар сурати зарурат, дар сурати розигӣ ва ҳамкории шарикон ин кор метавонад сурат бигирад. Вале дар ҳоли ҳозир чунин масъала дар дасти баррасӣ нест.” Фомин афзуд, тағйирот метавонад дар сурати зарурати фаврӣ ва бо ризоияти шарикони Русия сурат бигирад.

 

Душанбе, Фев 27 2017

Имрӯз, 27.02.2017 дар толори ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа конференсия бахшида ба соли ҷавонон дар мавзӯи «Нақши ВАО дар инъикоси пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ» оғоз шуд, ки дар кори он тамоми хабарнигорон ва фаъолони минтақаи Қӯрғонтеппа иштирок намуданд. 

Нахуст сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Асалмоҳ Сафарова суханронӣ намуда дар бораи мӯҳтавои паёми Пешвои миллат ба маҷлиси Олии кишвар андешаҳои худро баён дошт. Пас аз он Мурод Сотиев, сармуҳаррири  газетаи «Новый Хатлон» дар бораи нақши ВАО дар пешрафти суботи ҷомеа фикру мулоҳизаи хешро иброз намуд. Дар охир ширкаткунандагони конференсия мубоҳисаронӣ карда пешниҳодҳои хешро ба унвони шаҳрдории Қӯрғонтеппа ирсол намуданд.

 

Баҳодур Уроқов вилояти Хатлон СССР  

 

Ҷумъа, Фев 24 2017

Бино ба хабарҳои расида, рӯзҳои 27-28 феврал В.В.Путин-президенти ФР бо 1 сафари расмӣ ба Душанбе меояд. Ба ин мақсад, сар аз имрӯз роҳҳои протоколии Душанберо барои пешвози Путин мерӯбанд ва аз хасрӯбаҳо тоза мекунанд... Тибқи ахборот, Путин дар ин сафари худ бо ҷониби Тоҷикистон сари имзои 7 созишнома сӯҳбат хоҳад кард.

Панҷшанбе, Фев 23 2017

20 феврал 1 гурӯҳи мухолифи мусалмонон, тақрибан 25 нафар, дар боғи Стромовкаи шаҳри Прагаи Чехия бо 1 тазоҳурот чанд китоби "Қуръон” ва ҳам Қонунҳои асосии Чехия ва Словакияро оташ заданд. Ин тазоҳурот ба нишони эътироз ба боздошти Адриана Мелекова-фаъоли ҷумбиши зидди мусалмонон дар Словакия буд. Мелекова ҳафтаи гузашта 1 навори видеоиро нашр кард, ки дар он лаб ба таҳқиру дашноми пайравони дини Ислом кушода, болои китоби "Қуръон” пешоб кард ва сипас Қуръонро оташ зад. Алайҳи Мелекова дар Словакия бо иттиҳоми барангехтани низоъ ва адовати милливу нажодӣ ва мазҳабӣ ва нашри маводи ифротӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ба ӯ то 6 соли зиндон таҳдид мекунад. Томаш Гулан, сухангӯи пулиси Чехия ба матбуоти маҳаллӣ гуфтааст, дар ин кишвар дар мазҳари ом сӯзондани китобҳои мазҳабӣ ва ҳар китоби дигар ҷиноят шумурда намешавад.

 

 

 

 

 

 

 

Панҷшанбе, Фев 23 2017

Субҳи 23 феврал 7 муҳоҷири тоҷику узбек, ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар ш.Екатеринбурги Русия дари ҳуҷраи худро баста, талаб кардаанд, ки онҳоро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ накунанд, вагарна рагҳои хунгарди худро мебуранд. Мақомот барои рафъи ин ошӯб нирӯҳои ОМОНро даъват кардаанд.

 

 

 

 

 

 

Чоршанбе, Фев 15 2017

Имрӯз бахшида ба 28-умин солгарди хурӯҷи артиши Шӯравӣ аз хоки Афғонистон, дар ш.Панҷакент ҳамоиш баргузор гардид. Ин ҷамъомад дар маркази интернатсионалистони шаҳр, баъди гузоштани гулчамбар дар пояи санги хотирот барои гузаштагони ҷанги Афғонистон доир шуд. Намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, ШВКД дар ш.Панҷакент, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хонандагони мактабу донишкадаҳо дар ҷамъомади мазкур иштирок карданд. Баромадкунандагон, аз корнамоиҳову ҷонфидоиҳои қаҳрамонони ҷанги Афғонистон сухан гуфта, ҷанговарон хотироти хешро қисса карданд. Дар охир ба хотири арвоҳи гузаштагони ҷанги Афғонистон дуову фотеҳа намуданд.

Хуршед Фозилов

 

саҳ 87 аз 104

Китобҳо

Flag Counter