ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Окт 03 2016

Халифа ва ё роҳбари гурӯҳи терористии ба ном “Давлати исломӣ” Абу Бакр ал-Бағдодиро ҳамроҳ бо се тан афроди баландмансаби ин гурӯҳи ҷангталаб ба хурокашон заҳр ҳамроҳ карда, нияти аз байн бурдан карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Press TV Ҷумҳурии Исломии Эрон бо такя ба сарчшмаи махфии худ, иттилоъ медиҳад.

Ҳамон тавре хабар медиҳанд заҳр ба ғизои он се тан, ки якҷоя тановул мекарданд ҳамроҳ гардида буд. Аз таъсири он модда ал-Бағдодӣ ва ҳамроҳонаш мариз ва ҳисороти зиёд дида, дар ҳолати дарунравии шадид қарор доранд. Ҳодисаи мазкур дар марзи кишварҳои Сурия ва Ироқ дар шаҳраки Найнаво сурат гирифтааст.

Давлати ба ном “исломӣ” таъқиб ва ба зиндон андохтани шахсиятҳои гумонбар ба ҳодисаи мазкурро дар ҳудуди ин шаҳрак бо мақсади ошкор намудани шахсияти қотилон раҳандозӣ кардааст.

Хабарҳо дар мавриди маҷруҳ шудан ва ё марги роҳбари гурҳи терористии ДОИШ дар расонаҳои хабарӣ тез-тез ба нашр мерасанд. 14 июли соли равон хабаре паҳн гардид, ки халифа ал-Бағдодӣ ҳангоми бомбарони тайёраҳо қувваҳои мусаллаҳи ИМА ба ҳалокат расидааст. Ҳатто баъзе сарчашмаҳо далел меоварданд, ки мавсуф дар навоҳии шаҳри ироқии Мосул аз байн бурда шудааст. Дигарон даъво мекарданд, ки ал-Бағдодиро дар ҳудуди шаҳри Раққа ба ҳалокат расонидаанд.

10 июн иттилооте паҳн гардид, ки халифа ва як теъдод аз ашхоси баландпояи ин гурҳи терористӣ бар асари ҳуҷуми ҳавопаймоҳои ҳарбӣ маҷруҳ шудаанд.

СССР

Душанбе, Окт 03 2016

Суди вил.Хатлон Ориф Ҳайбуллоеви 37-сола, мудири шӯъбаи кадрҳои ҳукумати н.Қубодиёнро ба мӯҳлати 7,5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Маҳкумияти ӯро рӯзи 22 сентябр суди вил.Хатлон дар суҳбат бо газетаи СССР тасдиқ карда гуфт, ки ин ҳукм аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст. Суд Орифро бар асоси моддаи 319, қисми 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ, яъне гирифтани пора бо тамаъҷӯӣ ва такроран гирифтани пора айбдор кардааст. 1 манбаъ дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки ӯ дар асоси қарори раиси н.Қубодиён аз 17.06.2011 дар вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор ба кадрҳои Дастгоҳи раиси н.Қубодиён фаъолият карда, ҳамчун шахси мансабдор дорои ваколатҳои ташкилию амрдиҳӣ буда, салоҳияти ҷобаҷогузорӣ ва интихоби кадрҳоро ба ӯҳда дошт. Бо он ки масъулони суди вил.Хатлон аз 2 нафаре, ки ба Ориф барои гирифтани вазифа пул пешниҳод кардаанд, ном намебаранд, аммо манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки яке аз онҳо гӯё мехостааст мудири мактаб ё боғчаи кӯдакон шавад.

Ришва аз «Тахти Сангин»

Ориф бо суистифода аз мансаби худ маймоҳи соли 2015 ба довталаб Алохонов Ҳодихон бо ваъда барои ширкат дар озмуни ишғоли мансаби холӣ-Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин»-и ноҳия мусоидат карда, ба ивази ин хизматаш аз ӯ маблағи пулӣ ба миқдори 1500 сомонӣ ба сифати пора талаб мекунад. Ҳодихон, ки қабл аз ин чандин маротиба дар озмунҳои ҷойҳои корӣ ҳуҷҷат супорида, аз озмун нагузашта буд, ба таклифи Ориф розӣ шудааст. Моҳи майи соли ҷорӣ раиси ноҳия-Саидумрон Абдураҳмонзода бо сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин» меравад. Дар ин сафар Ҳодихони навкурсӣ ба раис арз кардааст, ки барои вазифа гирифтан 1500 сомонӣ ба Ориф додааст. Раис аз кирдори зердасташ хабар ёфта фармон додааст, ки Ориф пораи гирифтаашро ба Ҳодихон баргардонад. Ахирӣ пули баргардонидашударо гирифта, ба фонди хайрияи Ҳукумати ноҳия супоридааст.

2 бор ҷастӣ малахак

Ин силлии мантиқии раис, ки нахост фасоди кормандаш пӯшиши расмӣ гирад, ба Орифи мо дарси ибрат нашуд. Қаҳрамони муосири мо-Ориф ҳамчун шахси мансабдор боз ғайриқонунӣ моҳи майи соли 2016 ба довталаб Зиёдалиева Шарофат Қаҳҳоровна, ки дар озмун барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ҳуҷҷат супорида буд, гуфтааст, барои ба мансаби мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи н.Қубодиён таъйин шудан, бояд 1500 сомонӣ диҳад. Шарофат мегӯяд, 1500 сомонӣ надорад, лек 1000 сомонӣ ёфта медиҳад. Ориф розӣ шуда, ҳуҷҷатҳои ӯро барои ширкат дар озмун қабул мекунад. Дар ҳамин ҳол ӯ бо истифода аз ваколати хизматии худ ба фоидаи Шарофат дар протоколи ҷаласаи комиссияи озмуни ноҳия ғайриқонунӣ маълумотҳои бардурӯғ ва таҳрифшударо ворид мекунад. Барои ин амали худ дар утоқи кориаш аз Шарофат 1000 сомониро ҳамчун пора гирифта, аз они худ кардааст. 

Охир ба дастӣ малахак!!!

Худи ҳамон лаҳза Ориф аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллӣ дастгир карда шуд. Амриддин Сафарзода-раиси суди мурофиаи Ориф мегӯяд, дар делои ҷиноие, ки ҳукмашро содир кардааст, 2 лаҳзаи гирифтани пора қайд шудааст: марҳилаи аввал 1000 сомонист, ки дар ҳамон лаҳза боздошт шудааст. Тафтишот баъдан исбот кардааст, ки дар қадами баъдӣ ӯ ният дошт боз 1500 сомонӣ ришва гирад. Дар ҳамин ҳол аз Шӯъбаи умумии суди вил.Хатлон гуфтанд, ки ба онҳо аз номи наздикон ва вакили Ориф аризаи кассатсионӣ ё шикояти расмӣ аз болои ҳукми баровардаи суд расидааст. Дар яке аз ҷаласаҳои судӣ Абдураҳмонзода, раиси н.Қубодиён ҳам ба саволҳои додрас посух додааст. Ориф, ки 1 июли соли ҷорӣ дар утоқи кориаш боздошт шуд, наздики 10 сол дар ҳукумати н.Қубодиён дар вазифаи раиси шӯъбаи кадрҳо кор кардааст. 

Баҳодур Уроқов,

хабарнигори газетаи СССР, вил.Хатлон

 

Сешанбе, Сен 27 2016

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз фаъолияти имрӯзаи комиссияҳои амалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамъиятии назорати танзими расму оин дар шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, бо таҳлили воқеияти мавҷуда, зикр сохт, ки аксаран қонунпоймолкуниҳо дар ин самт бо сабаби хунукназарии масъулин дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва муносибати якхелаву мунсифонаро нисбати хилофкорон роҳандозӣ накардан  рӯи кор омада, ба он боис гардидааст, ки мутаассифона ҳолатҳои зиёдаравиҳои намоишкорона то ҳанӯз ҷой доранд.  

Маҳмадсаид Убайдуллоев барои роҳандозӣ накардани назорати дахлдор ва ташкили ҳамоҳангии фаъолияти комиссияҳои зикршуда ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷамила Лангариева, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Фирӯз Ӯлмасов ва мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Назруллоҳи Муҳаммадюсуф бо муқаррар кардани охирин огоҳӣ барои ислоҳи вазъ 1 моҳ мӯҳлат дода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Манзура Саломоваро аз вазифа сабукдӯш намуд. 

СССР

 

 

 

 

 

Ҷумъа, Сен 23 2016

Зодаи Тоҷикистон Раҳимҷон Азимов дар интихоботи рӯзи 18.09.2016, ки дар Федератсияи Русия баргузор гашт, аз ҷониби ҳизби «Единая Россия»-и вилояти Киров ҳамчун вакил ба Думаи давлатии Русия интихоб гашт. Хабари интихоб шудани Раҳимҷон Азимов, ки зодаи шаҳри Исфара аст, мардуми кишвар, хусусан истифодабарандагони шабакаҳои ичтимоӣ хеле хуш пазируфтанд ва ин воқеа – интихоб шудани 1 Тоҷик ба ҳайси вакил ба Думаи давлатии Русия нахустин бор дар таърих сурат гирифтааст.

Душанбе, Сен 19 2016

Председатель СФ проголосовала на одном из избирательных участков Центрального округа столицы.

Панҷшанбе, Сен 15 2016

Шоқосим Шоисломов, сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид медорад, ки ҳукумати кишвараш аз президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон барои яке аз нахустинҳо шуда ба маросими дафни Ислом Каримов, президенти ҶӮ, ки 2 .09.2016 бар асари сактаи мағзи сар вафот кард, ба Самарқанд рафта арзи тассалият намуд ва тобути марҳумро бардошт, хеле миннатдор аст. 

саҳ 93 аз 104

Китобҳо

Flag Counter