Шоқосим Шоисломов ин нуқтаро шоми 14.09.2016 дар пазироии сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти ин давлати ҳамсоя, ки дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» баргузор гашт, иброз намуд. Ӯ қайд намуд, ки халқи Тоҷик бо сарвари хеш дар фоҷиаи ба сари мардуми ӯзбек омада ҳамроҳ буда ин далели он аст, ки мардуми дӯст ва бародари 2 кишварро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон ҷудо кард.
- Айни замон ҷомеаи ҷаҳонӣ ва коршиносони ғарбӣ дар бораи вазъи сиёсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёд мегӯянду пешбиниҳо мекунанд ва аз ояндаи кишвари мо нигаронанд. Мо таъкид медорем, ки дар сиёсати пешгирифтаи давлати мо, ки 25 сол онро марҳум Ислом Каримов сарварӣ мекард, минбаъд низ чизе иваз нахоҳад шуд. Мо ҳамон ҳамкориҳоеро, ки бо кишварҳои дигари ҷаҳон, хусусан минтақаи Осиёи Марказӣ доштем, мисли қабл давом хоҳем дод. Дар вобаста ба ҳамкориҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон бошад гуфтаниям, ки минбаъд он тақвияти бештар пайдо намуда мо барои боз ҳам беҳтар шудани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ичтимоӣ кӯшиш ба харҷ ҳохем дод. Муттаасифона, вохӯрӣ ва мулоқотҳои комиссия байнидавлатие, ки дар моҳи октябр ба назар гирифта шуда буданд, ба вақти дигар гузаронида мешаванд, зеро айни замон мардуми Ӯзбекистон дар пешорӯи интихоби президенти нави кишвар истодаасту мо бояд то ин интихобот, ки санаи 4.12.2016 баргузор мегардад ва то муайан шудани кабинаи нави вазирону раисон интизор бошем, - гуфт Шоқосим Шоисломов, сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
СССР