Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият давраи басо мураккабу ҳассосро паси сар карда, зинаҳои инкишофи давлатдорӣ ва роҳи расидан ба истиқлолияти миллиро пайгирона тай намуд ва дар муддати кӯтоҳи таърихӣ, дар роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои калони илмию фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ноил шуд.
Ёдовар мешавам, ки маҳз дар мавриди фарорасии Истиқлол ва аз миён рафтани робитаҳо ҷумҳурии мо бевосита ба масоили зиёди ҳаллу фаслашон душвор рӯбарӯ шуд.
Тоҷикистони мо истиқлоли худро моҳи сентябри соли 1991 эълон кард. Вале истиқлоли кишвари мо аз истиқлоли 15 кишвари дигари узви собиқ СССР бо 1 қатор мушкилот фарқ мекард: бенизомиҳо, анархия, хунрезӣ ва ахиран ҷанги гражданӣ дар республикаи ороми мо руҷуъ кард. Ҳама дар ҳоли шоку тарсу навмедӣ қарор дошт. Дар чунин замони яъсомези нобудшавии мардуми мамлакат ва саргурезии қисме аз мардум, ки аз дару девори кишвар бӯи хун меомаду мамлакати мо рӯ ба нестӣ ниҳода буд, баҳри наҷоти халқу кишвари ҷангида Э.Ш.Раҳмонов ба арсаи сиёсати бузурги давлатдорӣ қадами устувор ниҳод. Бузургтарин дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври раъйпурсӣ 6.11.1994 қабули Қонуни асосии ҶТ аст. Он имконият дод, ки тақдирамонро пурра ба даст гирем ва дар ин ҷода шахси масъулиятшинос бошем. Имрӯз бо шарофати Истиқлолият ва фазои сулҳу суббот дар саросари мамлакат корҳои бунёдкориву созандагӣ идома доранд. Рушду нумуи қонунгузории давлати Тоҷикистон ва такмили механизми татбиқи ҳаррӯзаи он, ки барои пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, бартараф кардани камбизоатӣ дар кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, танзими оила, илму фарҳанг, барои бо тадриҷ амалӣ сохтани аҳдофи давлати демократӣ-ҳуқуқбунёд равона карда шудаанд. Сиёсати сулҳҷӯёна ва сулҳпарварони роҳбари давлатро на танҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ карда, пешниҳодҳои ӯро дар рушду сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати хеш истифода бурда истодаанд. Муҳимтараш он аст, ки тавассути ин ҳама тадбирҳо Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист давлат ва миллати тоҷикро ба ҷомеи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари таърихи худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар, тараққихоҳ ва халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун муаррифӣ кунад.
Аминзода М.Х.
Прокурори назорати иҷрои қонунҳо
дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ