Вакил Мавлуда Қаландарзода яке аз муаллифони он, ҳини шарҳи лоиҳаи қонун гуфт, ки дар муқоиса бо қонуни пешина, дар қонуни нав мафҳуми «шахси ҳуқуқӣ» ворид шудааст, ки ба корхонаву ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон барои қабули муроҷиат, изҳорот ва дархост ба ҳамаи мақомоти ҳокимият имкон фароҳам месозад. Ғайр аз ин, муроҷиати шаҳрвандон ба ҳукумат тариқи ВАО, почтаи электронӣ ва телефон мақоми расмӣ гирифтанд, яъне ҳукуматдорон ӯхдадор мешаванд, ки ба онҳо дар муҳлати дар қонун муқарраршуда посух диҳанд. Ба андешаи раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров, «агар қонун бечуну чаро иҷро шавад», он дар болоравии эътимоди мардум ба ҳукуматдорон нафъи зиёд меорад: «Объектҳои асосии муроҷиат ва шикояти шаҳрвандони кишвар мақомоти корҳои дохилӣ, судҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин раисони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вакилони ҳама гуна сатҳ мебошанд». Тибқи меъёрҳои Кодекси ҷиноятии ҶТ, барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи муроҷиати шаҳрвандон-радди ғайриқонунии баррасии муроҷиати шаҳрвандон, бе сабабҳои узрнок вайрон кардани мӯҳлати барррасии арзу шикояти онҳо, қабули қарори беасос ва хилофи қонун, инчунин вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи шаҳрвандон, ҷамъият ё давлат зарари ҷиддӣ ворид намудааст, мансабдори давлатӣ бо ҷарима ба андозаи аз 500 то 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 20.000 то 32.000 сомонӣ) ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то 2 сол ё бо ҳабс ба муҳлати то 6 моҳ ва маҳрум кардани аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 3 сол ҷазо дода мешавад.