ХАБАРИ ДОҒ

Зуев ҳам бо Тоҷикистон хайрухуш мекунад

  • Панҷшанбе, Июн 16 2016

Дирӯз президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро бинобар сабаби анҷоми ваколаташ дар ин вазифа ба ҳузур пазируфт.

 

Чуноне ки дафтари матбуоти раиси ҷумҳури хабар медиҳад, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди ҳамкориҳо бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон аз рушди бештари робитаҳо баҳри татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола манфиатдор аст.

Александр Зуев ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати созанда ва ҳамкории пурсамари Ҳукумати Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ тамоми чораҳоро меандешад, то ки ин муносибот дар оянда ҳам дар сатҳи матлуб барои ҳар ду тараф манфиатбахш идома ёбад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳо ва расондани кумаки техникиро ба Тоҷикистон омили муҳиме баҳри ноил гардидан ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат арзёбӣ намуданд.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter