ХАБАРИ ДОҒ

Барафрохтани парчамӣ 30 метрӣ дар Хоруғ

  • Душанбе, Июн 27 2016

Дирӯз дар шаҳри Хоруғ президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохта, ҳозиринро бо ин рӯйдоди фараҳбахш шодбош гуфт. Пояи Парчами давлатӣ 30 метр, дарозӣ ва паҳноии матоаш 8 бар 4 метрро ташкил медиҳад. Арзиши лоиҳавии ин иншоот 300 ҳазор сомонӣ буда, он бо ташаббусу роҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст.

 

Чуноне ки сомонаи расмии дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ хабар медиҳад, фармоишгар Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати алюминии тоҷик “Талко” ва пудратчии бунёди иншооти Парчами давлатӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” мебошад. Дар рафти сохтмони иншоот 24 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Корҳои сохтмонӣ аввали моҳи июни соли 2016 оғоз ёфта, имрӯз бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Коргарону мутахассисон тавонистанд дар муддати хеле кутоҳ бунёди иншоотро бо риояи тамоми талаботи меъёрҳои меъморию сохтмон босифат ба анҷом расонданд.

Майдони парчам бо сангҳои ороишӣ ва гулҳои рангоранг зебу зиннат ёфтааст. Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар шаҳри Хоруғ ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи истиқлолияти давлатӣ ба симои шаҳр зебогии тозаро зам намуда, гирду атрофи он ба яке аз ҷойҳои дилфиреб ва писандидаи сайру гашти сокинони шаҳр мубаддал гардид.

Бояд қайд намоем, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳо 25-27 июни соли ҷорӣ бо сафари расмии корӣ дар ВАБК қарор дошта зимни сафари хеш аз 1 қатор иншоотҳои ичтимоиву иқтисодӣ ва истеҳсолии вилоят боздид ба амал оварда ба фаъолияти бархе аз онҳо ҳусни оғоз бахшид. Инчунин, дар назар аст, ки имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ чорабинии идонаи театрикунонидашуда бахшида ба 10-умин солгарди Иди Ваҳдати Миллӣ бо ширкати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардад.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter