Дар ҳамон шабу рӯзи «демократия»-хоҳӣ (он на демократия, балки маҳалбозӣ буд: Шаҳидони ғармиҳо ва Озодии ленинободиву кӯлобиҳо!) журналист Рӯзӣ Ҷумъазода (хабарнигори нашрияи ноҳиявии Шараф) дар сартарошхонае бо парикмахер аз пушти Қозӣ ба ҷанги лафзӣ медарояд. Чун Рӯзӣ ғармӣ буду сартарош местний, ба сари мубоҳисаш дод мезанад, ки «агар Қозӣ ғалаба кунад, баъд рӯзатро нишон медиҳам!». Ин гапҳои пур аз ғазаб ва кинаи Рӯзӣ ба дилу хотираи парикмахер сахт часпид…
Рӯзии берӯзӣ
Журналист бо ҳамсараш Гулчеҳра дар 2-ошёнаҳо (общежит)-и назди мактаби миёнаи №2 мезист. Чун гурезогурез ва «чистка» сар мешавад, Рӯзӣ ба ҳамсараш (ҳоло соҳиби шавҳари 2-ум аст) рӯ оварда, бо гиря маслиҳат мепурсад, ки ман акнун чӣ кор кунам? Ҳамсар, ки воқеан дӯсташ медошт, ҳайрон мемонад, ки чӣ машварат диҳад. Чун дар 2 ҳолат-ҳам дар фирор ва ҳам дар рустшавӣ кушта мешавад.
Тибқи нақли апаи Гулчеҳра:
-Ман ба гиряи ӯ тоқат накардам ва гуфтамаш, ки танҳо 1 роҳ дорӣ. Бояд бо тӯдаи худат, бо падару модар ва хешу таборат якҷо гурезӣ, чун бо халқ будан беҳтар, илло дар танҳоӣ. Аммо Рӯзӣ чашмонашро бо латтаи сурхи пешониаш пок карду гуфт, ки «ман бояд ба хонаи дӯстам-Сайдулло Амин равам. Бовар дорам, ки ӯ маро аз дасти силоҳбадастон наҷот медиҳад». Ман ҳам дигар чизе нагуфтам, агар маслиҳаташ медодам, аниқ ӯ гумон мекард, ки ҳамсарам низ душмани ман аст. Ва гуфтам: худат медонӣ!»
Апаи Гулчеҳра мегӯяд, ки он шабу рӯз повазнин-ҳомиладор буд. Чун Рӯзӣ бо ман хайрухуш мекард, бо ашк аз пешонаам сахт бӯсид (аллакай бароям тақдираш маълум буд) ва гуфт: «Агар писар таваллуд кардӣ Ятим ва агар духтар бошад Ғамзагул номаш мон!» Ин гапро гуфту рафт.
Ва таваллуд кардаму номашро Ғамзагул мондам. Дигар намедонам чӣ шуд? Баъди чандин моҳ, ки мо ҳам гуреза шудем, аз даҳони мардум шунидам, ки шавҳарамро дар 1 кӯчае боздошта паррондаанд!
Ин ҷо ба маврид аст, ки бигӯям, бо акаи Рӯзӣ рафтуомади қавии адабӣ доштем, ки аз мухлисони ашаддии падарам буданд…
Рӯзи сиёҳи Рӯзӣ
Акаи Рӯзӣ дар пешонӣ латтаи сурхро баста, пушт-пушти деворҳо, афтону хезон андаруни ҷӯйҳои хушку сероб худро зада, то лаби дарёи Кофарниҳон меравад. Ба гумонам, раҳматӣ латтаи сурхро дар сараш ба он уммед печонид, ки зинда мемонад. Зеро 2 гурӯҳ ба худ парол монда буданд: сурх ва сафед! Сафед, яъне фидоӣ, исломӣ ва сурх фронти халқӣ-коммунист…
Қисса кӯтоҳ, журналист ба қавли худаш пухтагӣ карда, аз соҳили дарё, 1 роҳи рости самти участкаи мо-Ворошиловро чен намуда, то ба даруни деҳа медарояд. Лек аз он хотир, ки бо кӯчаву паскӯчаҳои Ворошилов шинос набуд, раҳгум мезанад (Мисле ки аз аввали митингбозиҳо раҳгум зада буд…)
Роҳи марги Рӯзӣ
Ҳине Рӯзӣ ба пости 1-уми Ворошилов мерасад, аз посбонҳо мепурсад, ки кадом роҳ ба хонаи акаи Сайдулло мебарад? Бачаҳо бо савол мегӯянд, ки «Кадом Сайдулло? Чун мо 2-3 Сайдулло дорем». Шоир Сайдулло Амин, занбӯрпарвар…, таъкид мекунад ӯ.
Постбонҳо бо вуҷуди он, ки Рӯзӣ дар пешонӣ латтаи сурх дошт, ба зудӣ пай мебаранд, ки ӯ ғармист ва амдан раҳи маргро нишон медиҳанд. Ӯ аз ин харитаи бачаҳои местний хурсанд, ба роҳ шип зада, меояд ва дар чорроҳаи назди хонаи мо, ба дасти бачаҳои штаби Гузари Боло меафтад.
Аз нақли падарам:
- Воқеан, штаби чорроҳаи пеши хонаи мо нисбати дигар постҳо калонтар буд. Тақдири шӯр ва бадро бинед, ки дар ҳамон чорроҳа сартарош-мубоҳиси дирӯзаи ӯ низ дар пешонияш латтаи сурх, қарор дошт. Рӯзӣ аз тарс хотираро фаромӯш карда буд. Ва бачаҳо аз ӯ суол мекунанд, ки куҷо равон аст. Бо дасту пои ларзон мегӯяд, ки «ба хонаи шоир Сайдулло Амин».
Ҳамон замон падарам дар ҳавлӣ, дар сар кулоҳи занбӯрбонӣ, қуттиҳои оруро кушода, машғулият дошт. Чун садои «ба хонаи акаи Сайдулло меравам»-ро мешунавад, бо таъсири ин садо эҳсос менамояд, ки «ба фикрам журналист Ҷумъазода аст». Ва зуд кулоҳу асбобу ускунаро 1 сӯ партофта, ҷониби девор медавад, то бубинад, ки ӯ кист. Қисматро бинед, ки Рӯзӣ дар қапи ҳамон парикмахер меафтад. Оне, ки дина дар дӯкони сартарошӣ аз болои Қозӣ баҳс ва ҷанги даҳонӣ доштанд.
Вопасин ҳарфи Рӯзӣ
Аз нақли парикмахер:
-Ӯро аз дасташ қапидаму гуфтам: «Маро шинохтӣ?»
Рӯзӣ он вақти тарс дигар чеҳраи ӯро фаромӯш карда буд, ки кист. Шояд шинохта ҳам бошад, аммо мегӯяд: Не, рости гап, ношиносӣ!
-Аз гиребонаш дошта, 1 шаттаи пасикунӣ зада, пеш дароварда, афтону хезон кӯфта, то ба қатлгоҳ-Қалъаи Мир бурдам. Ва раҳораҳ худро шиносондам, ки «ман оне ҳастам, ки фалон рӯз дар парекмахерский ту пушти Қозиро гирифтию ман пушти Бобои Сангакро. Ва гуфтӣ, ки мо албатта ғалаба мекунем ва баъд рӯзатро мебинӣ! Дар ёдат ҳаст?». Журналист, ки медонист, кушта мешавад, сукут мекунад…
Дар пушти Қалъаи Мири Қубодиён, ба қавли шоҳидон окопе канда, боздоштшудаҳоро оварда, рост монда мепаронданд. Сартарош мегӯяд, ки «шанс доштам, ӯро дар чорраҳаи назди хонаи шоир халос кунам. Ман Сайдулло Аминро ҳурмат мекунам. Аммо ҳич илоҷ набуд, ӯ дар дил нисбати местнийҳо кина дошт. Агар не, 100% ӯ зинда мемонд. Сари ӯро ҳамон баҳси кардагиаш хӯрд».
Акаи сартарош мегӯяд, ки ман дар даст калтак доштам, силоҳ не.
-Журналистро ба дасти мусаллаҳони назди Қалъа супоридам ва тамошо кардам, ки чӣ тавр мекушандаш. 1 нафар омаду чашмони журналистро бо ҳамон латтаи сурхаш маҳкам баст, то набинанд, ки чи тавр мепаронанд. Ва бо Калашников журналистро пеш-пеш карда, то назди окоп бурд. Замоне ки садои «зарежат»-и автоматро шунид, қафо гашту баланд гуфт: «Ҳе очатона…!» Ин сухани охирини ӯ то ҳол дар ёдам мондааст.
Ин аст, таърих ва саргузашти кушта шудани 1 журналисте, ки бо тамоми ҳастӣ аз собиқ Қозии ҷумҳурӣ мухлисӣ мекард ва бовар дошт, ки майдони Шаҳидон ғалаба карда, Ҳукуматро мегиранд. Аммо бо вуҷуди кадри Донишгоҳи Челябинск будану чанд соли собиқаи журналистӣ доштан, намедонист, ки АҚЛ болотар аз ДОНИШ аст. Шояд зинда мемонд. Вале аз ТАҚДИР ҳам мебинем. Раҳматӣ ғофил аз он буд, ки ин ҷанги бемаънӣ, бозии маҳал дар пӯстини демократияи сархӯр аст.
Нуралӣ Давлат-ҳамрӯзии Рӯзӣ
Ҳине ки пеш аз иншои ин матлаб марги Рӯзиро ба муаррих ва рӯзноманигори тавонои Тоҷик-Нуралӣ Давлат ривоят кардам, гуфт:
- Вақте ки дар майдони Шаҳидон гирдиҳамоӣ оғоз шуд, ба чанд нафар дӯстонам гуфтам, ки оқибати ин ҷанг аст. Барои он ки ҳукумат дигар қувва надошт ва мақомоти қудратӣ пурра мавқеи бетарафиро ишғол карда буданд. Дар чунин шароит ҳукумат роҳи наҷотро дар истифодаи мардуме, ки мухолифи исломиҳо ва демократҳо буд, дид. 24.04.1992 ба майдони Озодӣ рафтам. Чанд нафарро аз зодгоҳам дидам, ки асосан муаллимони мактаб буданд, ки он ҷо таҳсил кардаам. Ба онҳо гуфтам, ки «оқибати майдондориҳо ҷанг аст ва шуморо барои ҷанг кардан овардаанд». Баъде ки силоҳдорони Озодӣ ба хонаҳояшон баргаштанд, террори ҷонибдорони Ҳизби демократу ҲНИТро шуруъ карданд. Ҳамон муаллимоне, ки дар Озодӣ дида будам, дар зодгоҳам бардурӯғ овоза паҳн кардаанд, ки гӯё ман дар Шаҳидон сухан рондаам ва Қозикалон маро ба оғӯш гирифтааст. Баъди пирӯзии Ҳукумати конститутсионӣ ибтидои январи соли 1993 ҳамроҳи 1 дӯстам назди бозори Баракат ба автобус нишастам, 2-3 нафар ҳамшаҳриҳоям салом кардаву пурсиданд: «Ҳа, шогирди қозӣ, чаро оппозитсия туро накушт?».
Шаҳрзоди Амин
СССР
PS: Ман аз тамоми журналистони Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ҳамдигарро ба маҳал набаред. Чун журналистика аслан маҳал ва дин надорад! Агар не, ҳич вақт дар бораи ҳамкасби ғӯрамаргам, дӯсти хонадони ман-Рӯзӣ Ҷумъазода, ки ӯ ғармӣ буду ман таҳҷоӣ, бо дард намегуфтам. Ва агар гап сари маҳал мерафт, бояд ин матлабро ягон журналисти ғармӣ менавишт! Бо тамоми вуҷуд кӯшидам, ки ҳисси бадбинӣ ба маҳал набояд бошад. Чун падарам-Сайдулло Амин таъкид кардааст: «Агар журналист шавӣ, бори қаламро барои миллат бикаш, на маҳал!»
Рӯҳат шод бод, ҳамкасб ва дӯсти хонадони мо!