ХАБАРИ ДОҒ

Озмуни шаҳрдорӣ барои ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ

  • Ҷумъа, Июл 08 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе озмун эълон намудааст.

 

Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дастгоҳи раиси шаҳр ба кадрҳои зерин ниёз дорад: ёрдамчии Раиси шаҳри Душанбе, мудири шӯъбаи умумӣ ва протокол, мудири шӯъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон, мудири шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия, мудири шӯъбаи сохтмон ва ободонӣ, мудири шӯъбаи кадрҳо, мудири шӯъбаи назорат, мудири шӯъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ, мудири шуъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мудири шӯъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ, мудири шӯъбаи саноат ва энергетика, сармутахассиси  шӯъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, сармутахассиси шӯъбаи кадрҳо, сармутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ, сармутахассиси шӯъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон, сармутахассиси шӯъбаи маъмурию ҳуқуқӣ, сармутахассиси бахши корҳои махсус, сармутахассиси шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ, мутахассиси пешбари шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия ва мутахассиси шӯъбаи коммуналию муҳандисӣ.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бошад ба мутахассисони ҳирфаӣ барои ишғоли вазифаҳои муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оила, мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оила, мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оила, сармутахассиси шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва  ҷашну маросимҳои миллӣ, мутахассиси пешбари шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мутахассиси шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ эҳтиёҷ дорад.

Озмун аз 11  июл  то  13   августи  соли 2016  озмун  эълон гашта натиҷаи он на дертар  аз  22  августи  соли 2016 ҷамъбаст  карда шавад. Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳуриро хатм намудаанд ва ё дар хориҷи кишвар дорои маълумоти олӣ гардида, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд,  афзалият дода мешавад. Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили  рӯзона ва собиқаи корӣ на кам аз  5    сол  дошта бошад.

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то  13 августи  соли 2016.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56,   221-35-68  муроҷиат  намоянд.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter