Таркиш замоне рух дод, ки 1 мошини "Дулан" дар НФС маводи сӯзишвории гази моеъро холӣ мекард. Ҳангоми таркиш 2 нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 17 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Аз шӯъбаи қабули беморхонаи вилоятӣ ба номи Бӯрӣ Воҳидов ба хабарнигори СССР гуфтанд, вазъи 2 тан аз осебдидагон сангин аст. Сулаймон Исоев, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят мегӯяд, сабаби таркиш аз беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарист. Дар ин таркиш ба ҷуз нуқтаи бензинфурӯшӣ, ҳамчунин 1 мағоза, 1 тарабхона ва чанд манзили истиқоматӣ, ки дар паҳлӯи НФС қарор доштанд, осеб дидаанд. 1 зан, ки хонааш 200 метр дуртар аз маҳалли ҳодиса қарор дорад, гуфт, дар ин таркиш 3 фарзанди ноболиғаш осеб дидаанд. Ба қавли ӯ, духтараш Нилуфари 10-соларо ба бемористон овардааст ва ҳолати 2 фарзанди дигараш устувор аст ва дар хона табобат мегиранд. Нилуфар-шоҳиди ҳодиса нақл кард, ки ӯ дар наздикии НФС ба бозӣ машғул буд ва «таркиш вақте рӯй дод, аз тарс пойҳоям аз ҳаракат монд ва дигар натавонистам аз ҷои ҳодиса гурезам. Баъди чанд сония бо азобе сӯи хона давидам».
Баҳодур Уроқов
СССР Хатлон