ХАБАРИ ДОҒ

«Мо фолбин нестем!» мегӯяд раиси вилоят

  • Сешанбе, Июл 12 2016

Дар нишасти матбуотии прокуратураи вил.Хатлон ба хабарнигорон иттилоот доданд, ки муфаттишони прокуратураҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин давра «475 парвандаи ҷиноятҳои куштор ва суиқасд, 11 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбати 7 нафар оғоз шудааст. Ҷиноятҳои таҷовуз ба номус дар соли равон 9 адад ва дар ҷамъ 90 ҳодисаҳои худкушӣ, суиқасд ба худкӯшӣ 122 адад ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 адад чунини ҳодисаҳо камтар ба вуқӯъ пайвастааст».

 

Мақомоти Хатлон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир 210 сокини ин вилоят дар ҳайати "Давлати исломӣ" дар ҷангҳои  Сурияву Ироқ иштирок доранд. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, 11 июл ҳини натиҷагирӣ аз кори 6-моҳаи вилоят гуфт, аксари ин афрод ҷавон буда, баъзеашон бо зану кӯдакони худ то он ҷо рафтаанд. Дар ҳамин ҳол, як мақоми ҳукумати Хатлон гуфт, теъдоди умумии сокинони ин вилоят дар майдонҳои ҷанг дар Ироқу Сурия ба бештар аз 230 нафар мерасад. "Ним сол пештар ин рақам қариб ба 300 нафар баробар буд, вале дар ин муддат хабари кушта шудани беш аз 30 нафари онҳо расидааст,". Д.Гулмаҳмадзода мегӯяд, ин мавзуъ ба ҳарчӣ бештар ифротӣ шудани ҷавонон натанҳо дар Хатлон, балки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон рабт мегирад ва аз сокинону хабарнигорон хост, ки барои ҷилавгирӣ аз пайвастани онҳо ба созмону гуруҳҳои ифротӣ даст ба кор шаванд. "Мақомоти умури дохилӣ фолбин нестанд, ки пеши роҳи ҳамаро бигиранд. Дар танҳоӣ кор карданашон имкон надорад. Аз хабарнигорон низ даъват мекунем, ки барои пешгирӣ аз ифротгароии сокинон саҳм бигиранд"– гуфт раиси вил.Хатлон.

Баҳодур Уроқов,

СССР, вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter