ХАБАРИ ДОҒ

Дар Хатлон раисони ҷамоатҳо муҷозот мешаванд

  • Панҷшанбе, Июл 21 2016

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон ва масъулини ҳукумати вилоят эълон дошт,  ҳар масъуле, ки аз ӯҳдаи иҷрои дурнамои кишти пахта баромада наметавонад, ҳатман ҷазо мегирад.

 

Ҳокими вилоят гуфт, дар мавриди зиёд намудани кишти пахта, ки яке аз соҳаи асосӣ ва даромадноки соҳаи кишоварзӣ дониста мешавад, ҳанӯз аввали сол Президенти ҷумҳурӣ супориш дода буд. Аммо дар баъзе аз навоҳии вилоят онро нодида гирифта, кишти пахтаро на танҳо зиёд, балки камтар кардаанд. Аз ин хотир, шахсан супориш додам то шахсони давлатӣ, ки дар ин маврид бепарвогӣ доштаанд, сазовори ҷазо бошанд. 

«Дар маҷлиси ҷамъбастии нимсолаи Ҳукумати вилоят шахсан ба раиси ноҳияи Восеъ, ки наздик ба 800-га кишти пахтаро нисбат ба соле пештар кам кардаанд,  супориши қатъӣ шуд то раисони ҷамоатҳоро аз вазифа сабукдӯш намояд. Агар вазъият тағир наёбад, маҷбурем нисбат ба роҳбарони ноҳия низ чораҳои конкретӣ андешем», гуфт Гулмаҳмадзода. 

Аммо Мусо Ғафурзода, раиси ноҳияи Восеъ ба саволи хабарнигори СССР дар нишасти матбуотии раиси ноҳия, кадоме аз раисони ҷамоат тибқи супориши раиси вилоят аз вазифа сабукдӯш гардид, гуфт «дар ин маврид ҳукумати ноҳия ягон раиси ҷамоатро ҷазо надодааст. Зеро мо дигар имкони зиёд кардани кишти пахтаро надорем».  Ба андешаи ҷаноби Ғафурзода, раисони ҷамоатҳо дар ин маврид гӯнаҳкор нестанд. Зеро, 696-гектар замини кишти пахтаро дар моҳи май селоба вайрон кард ва дигар эҳтимоли кишти азнавро надоштаанд. Дар ин бора ҳукумати ноҳия ба раиси вилоят мактуби расмӣ пешниҳод карда, аз муҷозот кардани раисони ҷамоатҳо худдорӣ мекунад. 

Ба ибораи дигар, ҷаноби Ғафурзода на парвои Амри Президент дораду на аз супориши ҳокими вилоят?  

Аслиддин Достиев,

СССР, Кўлоб

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter