ХАБАРИ ДОҒ

Қарзи нафақапулӣ дар навоҳии минтақаи Кӯлоби вил.Хатлон дар нимсолаи аввал беш аз 5 милёну 600.000 сомониро ташкил додааст. Дар ин бора дар Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб (РАСИН) хабар доданд.

Бино ба иттилои Ҷурабек Қурбонов, сардори ҳамин Раёсат, қарздорӣ аз нафақа асосан дар ноҳияҳои Фархор 2 милёну 675.000 сомонӣ, Муъминобод 1 милёну 419.000 сомонӣ, Темурмалик 1 милёну 271.000 сомонӣ ва Ш.Шоҳин 256.000 сомонӣ рост меояд. Ба ибораи дигар, ҳамин миқдор маблағи пулӣ, ҳақи ҳалоли нафақагирону пирони барҷомондае, ки усулан дар ин минтақа бо маоши нафақапулӣ ба сар мебаранд, ба соҳибонашон нарасид. Лек Тоҳир Амиршозода, раиси н.Муъминобод, ин омори сардори РАСИН-ро нодуруст эълон намуда, гуфт, дар ин ноҳияи кӯҳистон қарздорӣ аз нафақа умуман ҷой надорад: «Он чӣ, ки дар Раёсати агентии суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ гуфтаанд, куллан дурӯғ аст. Дар ҳамаи ноҳия қарздорӣ на танҳо аз нафақа, балки дар ҳамаи соҳаҳо вуҷуд надорад».

Ҷурабек Қурбонов, сардори РАСИН мегӯяд, дар 6-моҳи соли равон дар ҳамаи минтақа танҳо ноҳияҳои Муъминободу Балҷувон тавонистанд аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоӣ бароянду халос, вале қарздорӣ аз нафақа дар Муъминобод боқӣ мондааст.

Аслиддин Достиев,

СССР, Кӯлоб

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter