Абдуқодир Вализода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт: « нақшаи 6-моҳаи аввали андози давлатиро бо даводави зиёд ҳамагӣ 100,1-фисад иҷро карда тавонистему бас. Вале аз ӯҳдаи иҷрои андози ҳифзи иҷтимоӣ, муттаасифона, баромада натавонистем ва он ҳамагӣ 89-фоиз иҷро гардид». Ба андешаи ҷаноби Вализода, иллати асосии набаромадан аз иҷрои нақшаи пешбинишудаи андози давлатӣ дар таҳлили нодуруст ва нақшабандии андози давлатӣ аз ҷониби Кумитаи андози вилоят ва маҷлиси вакилони халқ будааст. Намояндаи Президент мегӯяд, дар ин маврид таҳлили дуруст ба анҷом намерасад ва маҷлиси вакилони халқ ҳам аз ҳамин гуна нақшабандиҳо дастгирӣ мекунад.