ХАБАРИ ДОҒ

Майдони варзишие, ки сохтмонаш ҳанӯз нимкора мондааст, аз мадди назари масъулини соҳа ва ҳукумати ноҳияи Ховалинг тамоман дур мондааст.

Нуруллоҳ Мирзозода, раиси н.Ховалинг ҳатто аз рафти сохтмон дар ин иншооти муҳими варзишӣ иттилое надорад. Ба андешаи ӯ, дар ин маврид ҳукумати маҳаллӣ тамоман канора аст. Ӯ намедонад, ки сохтмони ин иншоот кай оғоз шудааст. «Фармоишгари майдони варзишӣ Бахши Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб аст. То имрӯз чӣ қадар маблағ барои ин сохтмон ҷудо шудааст, мо хабар надорем. Медонем, ки имсол аз ҳисоби буҷаи вилоят 700.000 сомонӣ ҷудо гаштааст, вале дар нимсолаи аввал ягон сомонӣ пардохт нашудааст. Аз рафти сохтмон ва ё сифату вайрон гаштани он ҳукумати маҳаллӣ кор надорад», бе парво мегуфт ҷаноби Мирзозода. Ба саволи «бунёди як майдони варзишӣ дар ноҳияи дурдасти кӯҳистон хатои ҳукуматдорони собиқ буд ё бемасъулиятии ҳукумати феълӣ», гуфт: «ман намедонам хатои кӣ буд. Аммо аз рафти сохтмон ҳукумати ноҳия ҷавобгӯ нест». 

Шояд дар Ҳукумати вилоят ва ё Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон кадом масъуле ба ин савол  ва барои пешгирӣ аз валангор гаштани сохтмони нотамому сарфи садҳо ҳазор сомонии барбодрафта ҷавоб меёбад?

Аслиддин Достиев,

СССР, Кӯлоб

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter