ХАБАРИ ДОҒ

"Ферганаnews" бо такя ба сарчашмаи инфиродиаш дар ҳукумати Тошканд, рӯзи 20.08.2016 хабар дод, ки Каримов дар синни 79-солагӣ баъд аз зуҳри 29.08.2016 дар беморхонае дар Тошканд мурдааст. Аммо масъулин мехоҳанд баъди таҷлил аз 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ӯзбакистон, ки рӯзи 1 сентябр баргузор мешавад, хабари марги ӯро расонаӣ кунанд...

 

Эй дӯст, бар ҷанозаи душман чу бигзарӣ,

Шодӣ макун, ки бар ту ҳам ин моҷаро равад...

Хабари охирин

Имрӯз, 2.09.2016 ВАОи Тошканд расман эълон кард, ки ӯртоқ Ислом Абдуғаниевич Каримови 79-сола МУРД ва ҷанозааш фардо (3.09.2016) дар зодгоҳаш-Самарқанд баргузор мешавад!!!!

Ҳарчанд бадтарин чеҳраи хушунатбарангез дар ОМ аст, гарчанде душмане бадтар Тоҷик дар тӯли 25 соли Истиқлолияташ надошт, агарчӣ кишвари моро ба инзивоъи иқтисодӣ гирифтаву 25 сол садди роҳи рушди Давлати мо мешуд, бо ин ҳама, мо-Тоҷикон, ки миллати интихобкардаи Худо ҳастем, ҳалимем ва дуо мекунем, ки Каримов саломат бошад.

Вале хабару иттилоот дар бораи сиҳҳати Юртбошӣ онгуна тафсонанд, ки наметавон онҳоро шарҳ надод. Хоса, имрӯз, ки бархе аз сарчашмаҳо ҳатто расман аз марги уртоқ Ислом-ата Каримов Юртбошӣ хабару гузориш медиҳанд. Мо мавзуъро пай мегирем. Мо метавонем!

ВАОи Кремл Каримовро гӯронд

Чанде аз расонаҳои русӣ дар бораи марги «рӯбоҳи пир» Ислом Каримови 78-сола, президенти Ӯзбекистон дар такя ба хабаргузории "Ферганаnews" хабар доданд.

"Ферганаnews" бо такя ба сарчашмааш хабар дод, ки Каримов дар синни 79-солагӣ баъд аз зуҳри 29.08.2016 дар беморхонае дар Тошканд мурд. 

Хабари марги ӯртоқ Каримов дар ҳолест, ки 1 рӯз пеш аз ин Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурдии ӯ дар саҳифаи расмии Фейсбукаш бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ навишт, ҳодисаи хунравии мағзии Ислом Каримов субҳи шанбеи гузашта рух додааст: 

"Феълан ӯ (Каримов-ред) дар бемористон аст ва дар шуъбаи эҳё қарор дорад. Вазъияташ муътадил арзёбӣ мешавад, аммо дар бораи вазъияти ояндааш чизе гуфтану пешгӯӣ кардан барвақт аст". 

Лола аз мардум хост, ки аз ҳар хел ҳангомасозӣ дар бораи вазъи саломати падараш даст кашида, ба ҳаққи оила барои эҳтироми шахсӣ арҷ гузоранд. Ба қавли ӯ, аз ҳамаи онҳое сипосгузор аст, ки бо дуоҳои худ падарашро дар ин вазъияти вазнин дастгирӣ кунанд. 

Юртбошӣ дар юрт аст, ё гӯр?

Воқеан ҳам агар вазъи саломати Юртбошӣ (унвони расмии Каримов баъди Туркманбошӣ эълон гардидани Сапармурад Ниёзов) сахт нигаронкунанда набошад, пас ВАО расмӣ дар ин бора ҳарфе намегуфт. Ёд дорем, ки Каримов борҳо дар Испания, Исроил ва дигар кишварҳои рушдкардаи тиббӣ табобат мегирифту матбуоти Ғарб дар ин бора менавишт, вале ВАОи Ӯзбакистон хомӯш буданд. Пас ин ҷо сиррест, ки расонаҳои расмии давлатии ин кишвар роҷеъ ба харобшавии саломати Ислом-ата менависанд! Яъне ба забони дигар мардумро ба хабари шум омода месозанд...

Дуо дар ҳаққи...исломситез

Теъдоди бузурге аз ромишгарони Ӯзбекистон аз сокинони ин кишвар даъват кардаанд, ки ба ҳаргуна овоза дар бораи бад шудани вазъи саломати Каримов бовар накарда, баръакс, дар ҳаққи ӯ дуои нек кунанд ва аз Худо шифояш талабанд.. Зимнан СССР аз нахустинҳо шуда, ин дуоро дар боло баён кард. Аммо!

Аммо Ислом Каримов дар ОМ на танҳо бо эмбаргоҳои бемаънӣ бар муқобили Тоҷикистон маъруф аст. Ӯро яке аз сарсахттарин душманони исломи экстремистӣ ва умуман мазҳаб медонанд. Каримов дар соли 1990 бо 1 ҳиллаи шаръӣ дили Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдошевро ёфта, фитнаи афкандаи онҳоро, ки бояд Ӯзбакистонро ба мисли ҲНИТ ба вартаи ҷанг мекашиданд, фурӯ нишонд. Баъдан ин 2 тан Ҳаракати исломии Ӯзбакистон (ИДУ)-ро таъсис додаву ба қувваҳои мусаллаҳи оппозитсияи исломии Тоҷик пайвастанд ва хеле хуни мардуми моро рехтанд.

Нуфузи Ҷумъаи Намангонӣ дар ОТО ба ҳадде буд, ки боре дар ҳузури журналистон ин ӯзбак Мирзо-Ҷагаи номиро шаппотие зада, аз пой афганда буд. Баъдан ӯ ба Душанбе ҳаракат кард, то бо Нуриву дигар сарварони оппозитсияи исломӣ ҳисобу китоб кунад ва онҳоро ба давом додани ҷанг таҳрик диҳад. Хушбахтона, ин кор ба ӯ муяссар нашуд ва Сайид Абдуллои Нурӣ аз раъяш нагашт. Ҷумъаи Намангонӣ, ки «ҷавонмардони исломӣ»-и мо ба ӯ чанд зани тоҷик пешкаш-туруқ карда буданд, баъдан тавассути ағба ба Фарғона гузашта бо нерӯҳои Ӯзбакистону Қирғизистон ба ҷанг даромад ва сипас ба Афғонистон фирор кард. Дар соли 2001 зимни ҳамлаҳои нерӯҳои ҳавоии НАТО кушта шуд. Ҷояшро Тоҳир Юлдошев гирифт, ки баъдан ӯро низ амрикоиҳо куштанд.

Фитнаи Намангон

Воқеан ҳам сар аз ана ҳамон гуфтугузори Тоҳиру Ҷумъа бо Ислом Каримов дар Намангон ва фурӯ нишондани фитна дар соли 1990 (ниг.ба акс), Юртбошӣ исломгароёнро чап гирифт ва тавонист пеши роҳи ҷанги гражданиро дар кишвараш бандад.

Баъдан, дар соли 2005 Каримов бо ҳамроҳии Маҳмуд Худойбердиеви тоҷикистонӣ дар Фарғона қатли омми исломистонро ҷорӣ карда, мардуми бе силоҳ, вале экстремистро парронд. Бо ин амал Юртбошӣ решаи экстремизми фарғонаиро табар зад. 

Акнун ӯро дар Аврупо ва Амрико персона нон-грат хонданд. Имрӯз, ҳамакнун маълум аст, ки пушти экстремизми исломӣ маҳз Иттиҳоди Аврупову Амрико меистанд (бинед, ки дар давлатҳои арабӣ онҳо чӣ карданд!). Зимнан, агар сахтгирии Каримов намешуд, ОМ имрӯз монандаи қораи араб ба хоку хун оғушта мешуд...

Марги Каримов ба вазъи ОМ таъсир мегузорад?

Хабари беморӣ ва марги Каримов дар ҳолест, ки сухангӯи ВВП-президенти Русия, Дмитрий Песков дар сӯҳбат бо журналистон гуфт, “бешубҳа, мо дар робита бо маризии президенти Ӯзбакистон изҳори таассуф ва барояш ба зудтарин фурсат шифои комил таманно мекунем”. Песков андешаҳо дар заминаи эҳтимоли бесубот шудани вазъ дар минтақаро дар сурати паёмадҳои номатлуби маризии Каримов нодуруст хонд. Песков гуфт, ки Русия равобиташ бо Ӯзбакистонро қадр мекунад ва умедвор аст, ки нақшаҳо аз рӯи машваратҳои дар мулоқоти охири президентони кишварҳо анҷомшуда пеш мераванд: 

“Аз ин хотир, мо ташнаи шунидани хабарҳои хуб дар бораи вазъи сиҳҳатии раҳбари Ӯзбакистон ҳастем”.

Маризи №1 ё ҷасади №002...

Кабинаи вазирони Ӯзбекистон рӯзи 28.08.2016 расман дар ин бора хабар дода ва назари мутахассисонро гуфтааст, ки барои ташхис ва табобати пурраи Юртбошӣ давраи муайян зарур аст. Ин дар ҳолест, ки хабари марги ӯ Осиёи миёнаро фарогир печидааст. Таври маълум, дар кишварҳои худкома аз маргу мири президентҳо пас аз ҳамаи оламиён раъияти худашон дарак меёбанд. Ё дорем, ки марги Туркманбоширо чигуна пинҳон медоштанд. Ва агар ин хабар рост аст, пас ОМ мунтазири ҷанозаи №002 (пас аз Сапармурод) мешавад...

Ислом Каримови Тоҷик, зодаи Самарқанд, кадри хона-интернати шаҳри Панҷакент, аз соли 1986 ҷилави ҳукумат дар даст дорад. Ӯ баъди Котиби якуми КПСС дар РСС Ӯзбакистон таъин шуданаш, 24.03.1990 Каримов аз сӯи вакилони Шӯрои олии Узбакистон президенти ин ҷумҳурӣ интихоб шуд ва бо ҳамин, соли 1991 дар нахустин интихоботи озоди президентии Узбакистон бо гирифтании 86% овоз бар рақиби ягонааш аз ҳизби демократи “Эрк”, Муҳаммад Солеҳи фашисти ӯзбакӣ, пирӯз шуд. Марти соли 1995 замони раисии Каримовро бе интихобот то соли 2000 дароз карданд. Сипас, ӯ тариқи интихобот боз ба 1 давраи 5-солаи раёсат соҳиб шуд. Аммо соли 2002 бо баргузории 1 референдум замони раҳбарии ӯро аз 5 ба 7 сол дигар карданд. Солҳои 2007 ва 2014 Каримов боз ҳам аз тариқи интихоботҳои “алтернативӣ” ва ҳар 2 дафъа бо касби 90% овоз замони раҳбариашро зиёд кард.

Имрӯз нафаре навишт, ки чаро ин қадар овозаву вокунишҳо сари марги 1 нафар дар олами хабарист, ки СССР посухаш дод: «Барои маргатон пурмоҷаро нашавад, дар зиндагонӣ фикри истеъфо ва интиқоли ҳукуматро бояд кард ва корро то соати марг кашол набояд дод!». Мо Метавонем!

М. Мубориз

Ш. Амин

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter