ХАБАРИ ДОҒ

Ҷаласаи раис бо ҷавонони вилоят

  • Панҷшанбе, Окт 20 2016

 

Дар толори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав бо ширкати раиси вил.Хатлон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, ҷаласаи якуми Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди Раиси вилояти Хатлон баргузор карда шуд. Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин раисон ва муовинони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, ректорону устодони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят, мудирони Бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва як қатор ҷавонони фаъол иштирок намуданд. Баъди пазироии кулл ва ифтитоҳи ҷаласа аз ҷониби раиси Шӯро-Д.Гулмаҳмадзода, ҳисоботи котиби Шӯро, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вил.Хатлон Ш.Раҳимов оиди татбиқи нақшаҳои корӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон шунида шуд. Раиси вилоят иброз дошт, ки имрӯз роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар ба нерӯ ва тавонмандии ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар кори ҷаласа масъалаи саҳми ҷавонони вилоят дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо баррасӣ гардиданд. Дар баробари ин, вобаста ба масъалаву мушкилиҳои ҳаёти ҷавонон нигарониҳо карда шуд. Хоса, оид ба зиёдшавии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, камфаъолии аксарияти ҷавонон дар ҳаёти кишвар, бегонапарастӣ ва тарғиб ба фарҳанги бегона, майли кам ба илмомӯзиву ихтироот ва амсоли инҳо мушкилиҳои муҳимтарин ҳаёти имрӯзаи ҷавонон мебошанд. Дастурҳо ба сохторҳои масъули соҳа ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дода шуд, ки корро дар ин самт ҷоннок намоянд. Барои таъсиси Филиалҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо чораҳо андешида, барои ташкили маҳфилҳои гуногуни илмӣ, забономӯзӣ, ихтироъкориву навоварӣ ва ба ин васила барои истифодаи нерӯи ҷавонон дар рушду нумӯи кишвар мусоидат намоянд. Ҳамчунин дар рафти Шӯро аз ҷониби намояндагони ҷавонони вилоят дархосту пешниҳодҳо вобаста ба фаъолияти минбаъдаи Шӯро карда шуд. Ҷавонон суханрониҳои раиси Шӯроро ҷонибдорӣ намуда, фаъолнокии хешро вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон иброз намуданд.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter