ХАБАРИ ДОҒ

Конфронс барои пешгирӣ аз амалҳои ифротӣ

  • Панҷшанбе, Окт 27 2016

Имрӯз 27 октябри соли равон дар «Кохи Ватан»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа дар ҳамбастагӣ бо ШВКД-и ш.Қурғонтеппа ва Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав Коференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар бартараф намудани ақидаҳои характери террористӣ ва ифротгароидошта» баргузор гардид. Дар конфронс иштирок доштанд роҳбари дастгҳои ш.Қурғонтеппа Азимзода Назир, сардори ШВКД-и шаҳр Раҷабзода Нуралӣ, Ректори ДДҚ ба номи Н.Хусрав Шодиён Муҳаммадзода, Муовини Сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии ВКД ҶТ Бухоризода Мансур. Сипас Бухоризода дар бораи саҳми арзандаи ҷавонони гуруҳи "Авангард"-и Донишгоҳи давлатии ш.Қурғонтеппа дар тарғиби комёбиҳои замони истиқлолият ва пешбурди сиёсати давлат изҳори назар кард.

Раҷабзода Нуралӣ зимни суханронӣ гуфт, ки конфронси имрӯза бо мақсади рафъи омилҳои номатлуб дар ҷомеа баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ватандӯстӣ, ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тартиботи миёни ҷавонон сурат гирифта ҳарчӣ бештар доир гардидани чунин конференсияҳо миёни ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигӣ баҳри пешгирии омилҳои мазкур мусоидаткунанда аст. Дар асри XXl низ кишварҳои Осиёи Миёна аз нав мавриди таваҷҷуҳи манфиатҳои геополитикии давлатҳои алоҳида қарор гирифтаанд, ки бархурди манфиатҳои онҳо дар манотиқи Шарқи Наздик, Қафқоз ва Осиёи Миёна рӯз ба рӯз хатари навро эҷод мекунанд. Тоҷикистон чун дигар давлатҳо дар тулли солҳои охир бо хатарҳои нави ҷаҳонӣ ба монанди терроризм ва  экстремизм ру ба ру шудааст.

Ба ҳамаи иштирокчиён барои пешгирии терроризм ва экстремизм китобҳои «Салафия-хатари он барои Тоҷикисто», «Имоми Аъзам (Абӯ Ҳанифа) ва мазҳаби ӯ», «Тавсияҳои амалӣ барои кормандони мақомоти ҳифз ҳуқуқ» тақдим намуданд…

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter