Чуноне ки сомонаи www.prezident.tj иттиллоъ медиҳад, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи раёсати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ дар пойтахтро ба масъалаи вусъати корҳои ободонию созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ, ба меъёрҳо мутобиқ кардани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ ҷалб намуд. Инчунин, супориш дода шуд, ки беҳдошти вазъи санитарӣ, назорату танзими маъракаҳо ва расму оинҳо, баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ, аз байн бурдани мушкилот дар роҳҳои маҳаллаҳои пойтахт, сифати оби ошомиданӣ, беҳтар кардани низоми обу корез дар пойтахт зери назар гирифта шавад.
СССР