ХАБАРИ ДОҒ

Шувалов мушкилоти ҳавоиро дар Душанбе баррасӣ мекунад

  • Панҷшанбе, Янв 26 2017

Дар назар аст, ки имрӯз ба Душанбе Игор Шувалов, нахуствазири Хукумати Русия бо ҳайати комиссияи байниҳукуматӣ омада пагоҳ дар ҷаласаи ин комиссияи муштараки тиҷоративу иқтисодӣ ширкат варзад.

Чуноне ки ба мухбири мо дар вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, яке аз масъалаҳои муҳими баррасишаванда барои ин комиссияи ин мушкилоти ҳавоии байни Тоҷикистону Русия мебошад, ки аз моҳи декабри соли гузашта эҷод шудааст. 

Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон умедвор аст, ки ин қазия ба фоидаи ҳар 2 кишвар ҳал шуда нофаҳмиҳо ва монеаҳои пайдошуда бартараф хоҳанд шуд.

Бояд хотиррасон намоем, ки масъалаи парвозҳо байни Тоҷикистону Русия аз моҳи декабри соли 2016, пас аз оне, ки ҷониби Тоҷикистон иҷозати парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал»-ро аз фурудгоҳи «Жуковский» ба Душанбеву Хуҷанд нагузошт, мубрам шуда дар ҷавоб Маскав низ парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-ро ба 1 қатор шаҳрҳои Русия манъ кард.

 

СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter