ХАБАРИ ДОҒ

Гузоштани нақша дар назди раисони маҳаллаҳо барои овардани ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар бархе аз домкомҳои Панҷакентро нигарон кардааст...

Домком ё военком?
Ҳар мавсими даъвати ҳарбӣ барои раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони ҷамоату деҳоти ш.Панҷакент 2 моҳ пурмашаққат мегузарад. Давутоз барои ба рӯйхат гирифтани даъватшавандагон, расонидани даъватнома, иштирок дар ситодҳои ҳаррӯзаи пурхархаша, шунидани суханҳои пасту баланд аз волидони даъватшавандагон ва ғ.ҳ., ба андешаи худашон аз ҷумлаи мушкилоти раисони маҳаллаҳо ва ҷамоату деҳоти шаҳр гардидааст. Ахиран барои иҷро накардани даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар раисони маҳаллаҳои «Сои Зебон», «Рӯдакӣ» ва «Самарқандӣ»-и ш.Панҷакент истеъфо додаанд. Чанде аз руасои маҳаллаҳо мегӯянд, дар оинномаи мо омадааст, ки мо бояд барои ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мусоидат намоем, лек дар назди мо нақша гузоштаанд, ки мо бояд ба миқдори муайян ба қавле «солдат» орем.
-Мо мефаҳмем, бояд ҷавонон хизмат кунанд, зеро вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар ҷавонмард аст хизмати аскарӣ, вале ин кори комиссариати ҳарбист. Бояд онҳо корбарӣ кунанд. Мо ба хонаи даъватшавандагон меравем, даъватнома мебарем, аммо ҳуқуқи маҷбурӣ овардани онҳоро надорем – мегӯянд бархе аз раисони маҳаллаҳо.

Пулсупории қонунӣ, аҷали ришва
Дар ҳамин ҳол бо назардошти саркашии ҷавонон аз хизмат, ришвахорӣ, тағобозӣ ва дигар омилҳои монеъашавии даъватшавандагон, коршиносон мегӯянд бояд хизмати алтернативии шартномавӣ ҷорӣ карда шавад. Онҳо бар ақидаанд, бояд афроде, ки намехоҳанд хизмати аскариро ба ҷо оранд ба давлат 1 маблағи муайян супоранду баъдан аз хизмат озод шаванд. 1 нафар аз кормандони тиб, бе овардани номаш дар сӯҳбат гуфт, ки ҳамарӯза дар мавсими даъвати ҳарбӣ чандин нафар ҷавонон назди мо меоянд, ки онҳоро «бемор» барорем то аз даъват озод шаванд. Мо пешниҳоди онҳоро рад мекунем, вале намедонем шояд аз дигар ҷо роҳи ҳалли масъаларо меёбанд. Ин нафарон албатта розӣ ҳастанд, ки маблағи калон диҳанд. Ба андешаи ин табиб низ бояд ҳамин маблағсупориҳои ғайриқонунӣ расман ба буҷаи давлат супорида шавад. Ӯ мегӯяд, ҷои пӯшида нест, ки дар ин миён маблағи калон дар гардиш аст.
-Дар ин ҳолат ҳам буҷаи давлат ғанӣ мегардад, ҳам муомилоти ғайриқонунии маблағ ва ришваситонӣ аз байн меравад, ҳам ҷои кори доимӣ мешавад ва афсарону сарбозон маоши хуб мегиранд – мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Фирдавсӣ гуфта буд…
Холиқназар Ҷумаев, 1 тан аз фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ бар назар аст, ки дар такя бо таҷрибаи Ӯзбекистон хизмати алтернативиро метавон ба роҳ монд. Дар ин давлат нафароне, ки намехоҳанд хизмат кунанд, маблағи муайяне ба буҷаи давлат месупоранд. Воқеан чанд сол мешавад, ки фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва коршиносон ба ҳукумати кишвар барои кам кардани мӯҳлати хизмати ҳарбӣ ва ҷорӣ кардани хизмати алтернативӣ пешниҳод ироа мекунанд. То ҳол ин пешниҳод қабул нашудааст. Аммо дар ин росто нафароне ҳам ҳастанд, ки мухолифи артиши шартномавӣ мебошанд. Ба андешаи ҷонибдорони ин ақида, артиши шартномавӣ хароҷоти зиёдро талаб мекардааст. Аммо онҳое, ки ба амалӣ шудани артиши шартномавӣ ё худ алтернативӣ ҷонибдоранд, мегӯянд, дар ин сурат артиши босифат ва касбӣ аз ҷиҳати омодабоши дифои ҳарбӣ тайёр мешаваду ҳам сарбозону афсарон бо маоши хуб таъмин мегарданд ва аз забони клоссик меафзоянд:
«200 марди ҷангӣ беҳ аз 100 ҳазор».


Хуршед Фозилов,
Панҷакент, СССР


PS: Дар ҳоле, ки гуфта мешавад имрӯз ба армияи кишвар фақат фарзандони камбағалон ба хизмат фаро гирифта мешаванд, қабул кардани ин пешниҳоди коршиносону соҳибназарон шояд дар оянда армияи камбағалонро ба «армияи профессионалҳо» табдил диҳад! Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter