Чу гул дар субҳи пирӣ мекашӣ хамёзаи ғафлат,
Макун, эй ғунча, сарфи хоб шабҳои ҷавониро.
Бедил
«Ҷавонон ояндаи кишвар». Ин шиори замони шӯравӣ буд, лек ростӣ имрӯз аксари китобхон, донишманд, забондон бошанд ҳам курсии мансаб ва маснадро дуруст идора карда наметавонанд. Шояд айби компютер ё интернет бошад. Кам ҷавонон дар даст китобу рӯзнома доранд, ҳисоби миёнаи синни рӯзномахону рӯзномахарҳо имрӯз аз 50 болост. Дар замони шӯравӣ «Ҷавонони Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», «Маориф ва маданият» даст ба дасти муштариён мегашт. Аммо имрӯз теъдоди рӯзномаҳо ба 367 ва маҷалла ба 239 адад расида бошад ҳам, хонандаи онҳо ақаллият аст.
Чаро газета бе қадр шуд?
Бузургтарин шоҳасарҳои давр дар замоне ба вуҷуд омадаанд, ки нависанда менишасту менавишт. Ҳоло сари компютер нишаста, «рӯзноманигорон»-и бархе расонаҳо дар ба дар «қаҳрамон мекобанд». Касе 200-400 сомонӣ пардохт кунад «Қаҳрамони даврон» ӯст. З-ин рӯ имрӯз рӯзномаю маҷаллаҳо чун теъдодашон беқадр шуда, хонандаро аз даст додаанд. Сабаби дигари аз матбуот дилсард шудани мардум ин почтаи Тоҷикистон аст. Аз Душанбе ба Панҷакент ҳафтае 1 маротиба газетаю журналҳоро мерасонанд. Аз Панҷакент ба ҷамоати Фароб, Ворӯ, Рӯдакӣ баъди 1-1,5 моҳ матбуот дастрас мешавад. Пас онҳо дигар ба дарди мардум намехӯранд ва танҳо пешдаргирон мешаванд. Баъзан-баъзан дар тӯю азо гӯш ба сухани мардум медиҳам ва эҳсос мекунам, ки одамон бештар аз ин дунё дида дар ғами он дунёанд.
Бендер, Гитлер ва Ленин
Имрӯз ҷаҳони сармоя ба сухан ва иттилоот одамкушӣ дорад. Идеяҳои Остап Бендер Украинаро ба хоки сиёҳ баробар кард. Ҳоло ҷаҳонбини фашизм ва пайравӣ бо идеяҳои Адолф Гитлер Аврупоро фаро гирифтааст. Инсоният ҷабру ҷафо, конслагеру печҳои одамсӯзонии фашизм ва аз пӯсти одам сумкаи занона дӯхтанро фаромӯш кард. Имрӯз ҳатто дар Русияе, ки бо ёрии кулли ҳалқҳои собиқ ИҶШС фашизмро саркӯб кард, пайравӣ ба идеяҳои Гитлер дида мешавад. Имрӯз онҳоеро, ки дар озодии коргару деҳқон сина сипару Давлати Абадқудрати Шӯравиро барпо карданд, Гитлерро қаҳрамони давр. Оре, замона ба манфиати ҷаҳони сармоя тағйир хӯрд, девори оромии Давлати Шӯравӣ аз байн рафт. Ҳоло сухани янкии Амрико ҷаҳонро ноором ва ҷаҳониёнро дар ақсои олам сарсону саргардон кардааст. Замона тағйир хӯрд. Онҳое, ки дар майдонҳои Душанбешаҳр табли «Озодӣ» мезаданд ба номи муҳоҷири меҳнатӣ беватан шуданд. Устод Мӯъмин Қаноат ҷое фармуда «Суханро вазну тамкини замин бояд». Ана ҳамин вазни сухан ҷаҳони муосирро вайрон карда, ба гирдоби инқилобҳои ранга, ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ тела дода истодааст.
Чӣ бояд кард?
Танқиди созандаро ба матбуот бояд баргардонд. Аз таърифу хушомадгӯӣ бояд даст кашид. Чунон навишт, ки онро худат бояд навишта бошӣ, на робот. Баъзан суоламон медиҳанд, ки чаро СССР вайрон шуд? Кремл ҳақиқатпарастонро ҷой дар девонахонаю кунҷи зиндон кард. Сухани рост каҷ намуд. Олимони ҳақиқатҷӯ ватанро тарк карданд. Маҷлисҳои дурӯғин бо қарсакҳои пурмавҷи бардавом мегузашт. Фарзандони нохалаф СССРро чу каждум аз дарун пӯсониданд ва имрӯз ҳар фосиқ сари компютер нишаста, ин давлати ятимпарварро паст мезанад. Ҳатто идеяҳои Ҳизби коммунистиро пуч ва террористӣ мехонад. Мо колхоз, совхоз, заводу фабрик, мактабу маорифи СССРро ба боди фаромӯшӣ супоридем. Манфиати хешро аз манфиати миллат боло гузошта, ҷои корхонаҳои овозадор хона сохтему фурӯхтем. Аммо биёед бузургтарин мероси СССР - китобхониро фаромӯш накунем, китобро дӯст дорем. Рӯзнома хонем, журналҳоро варақ гардонем. Ҳама шиори ватанпарваронаи В.И.Ленинро фаромӯш кардем, аммо биёед «Хонед, хонед, боз ҳам хонед»-ро зинда кунем, чунки он ба суди миллат аст!
Холмурод Сафарзода,
узви ИЖТ, ш.Панҷакент, кӯч.Борбад-23, хонаи 32