Шаҳритус аз ноҳияҳои осебпазир аз ҷиҳати ифротгароӣ унвон шудааст, ки барои мубориза бурдан ба он талош мекунад. Зуд-зуд дар ин ноҳия ба терроризму экстремизм мубориза мебаранд, хоса, дар чанд деҳае, ки он ҷо мавзуи ифротгароӣ доман паҳн кардааст. 14.05.2017 мақомоти дахлдор ҳамроҳии муовини раиси ноҳия доир ба идеология Ашурова Анзурат, дар деҳаи Бинокори ҷамоати деҳоти «Обшорон»-и н.Шаҳритус бо сокинони деҳа вохурӣ гузаронид. Мақомоти дахлдор дар ин вохӯри пешниҳоди аҷибе кардааст, ки “бо оилаҳои ифротӣ хешутаборӣ ва қудогӣ накунанд ва онҳо аз деҳа кӯчонида шаванд.”
Саидҷафар-муовини раиси ҷамоати деҳоти «Обшорон» дар сӯҳбат бо СССР тасдиқ намуд, ки “чунин пешниҳод аз ҷониби раиси маҳалла ва ҳукумати ноҳия буд ва ман дар протокол қайд намудам, лек намедонам, ки чаро чунин пешниҳод сокинони деҳаро ба ташвиш овардааст? Дар охири сӯҳбат котиби раиси ҷамоати деҳоти “Обшорон” афзуд, ки худи раиси маҳалла бо 1 оилаи ифротӣ пештар муноқиша доштааст, шояд ин ғараз ҳамон бошад, аммо муовини раиси ноҳия Ашурова Анзурат ин пешниҳодро дастгирӣ кард.
Муродов Ҳисомуддин-сархатиби ноҳия дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки “ман ҳам дар ин ҳамоиш иштирок доштам. Ҷавононро дар бораи шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои “ДИИШ” огаҳ кардем. Худи раиси маҳалла пешниҳод кард, ки “оилаҳои ифротиро аз деҳа ва худи ноҳия бикучонанд” ва мо ин пешниҳодро дастгирӣ кардем”.
Дар ин чорабинӣ Шукронаи Ҷамшед-хонандаи синфи 11 дар баромади худ қайд кардааст: “Оилаҳое, ки ифротӣ ҳастанд, бигзор аз деҳа бадарға шаванд”.
Сайдалиева Гулнора-директори мактаби миёнаи №3 андеша ва таклифи Шукронаро тасдиқ намуда гуфтааст, ки “ман бо суханони ин хонанда ҳамшарикам ва шарм мекунам, ки дар чунин деҳаи “овозадор” кор мекунам”
Гуфта мешавад, ки дар ин чорабинӣ беш аз 500 нафар хонандагони мактаб дар ҳавои гарми 45 градус иштирок доштанд ва 5 нафар хонанда аз баландшавии ҳарорати ҳаво аз ҳуш рафта, дар беморхонаи марказӣ бистарӣ шудаанд.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон